Омодагии яксолаи кӯдакон ба мактаб на дар боғча, балки дар низоми таълими мактабӣ амалӣ мешавад

Бо мақсади такмили низоми омодасозии кӯдакон ба мактаб дар кишвари мо ташаббуси ворид намудани омодагии ҳатмии яксолаи кӯдакон ба мактаб ба низоми таҳсилоти умумии миёна пешниҳод гардида буд. Ҳоло барои татбиқи ин ташаббус заминаҳои ҳуқуқии қонунгузорӣ фароҳам оварда мешаванд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба таъмини ҳамгироии низоми таълими томактабӣ ва мактабӣ равона шудаанд» таҳия гардида, ба палатаи поёнии парламент пешниҳод шудааст.
Тибқи он, ба қонунҳои «Дар бораи таълими томактабӣ ва тарбия» ва «Дар бораи таълим» тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Ин тағйирот ба ворид намудани омодагии ҳатмии яксолаи кӯдакон ба мактаб ба низоми таҳсилоти умумии миёна, ташкили он дар муассисаҳои таълими томактабӣ ва таҳсилоти умумии миёна, инчунин кафолат додани ҳуқуқи кӯдакон барои гузаштан аз ин марҳилаи омодагӣ равона шудаанд.
Тағйироти пешниҳодшуда барои таъмини ҳамгироии низомҳои таълими томактабӣ ва умумии миёна, баланд бардоштани сифати омодасозии кӯдакон ба таҳсил дар мактаб ва такмили низоми таҳсилоти умумии миёна мутобиқ ба таҷрибаи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард. Ҳамзамон, онҳо барои шаҳрвандон ҷиҳати идомаи таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ низ шароити мусоидтар фароҳам меоранд.
Айни замон лоиҳаи қонуни мазкур таҳти масъулияти Кумитаи масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис баррасӣ гардида, барои муҳокима дар кумита ва фраксияҳо омода карда мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: