«Занад, пас дӯст медорад» – магар арзишҳои мо ҳаминанд?

Дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ танҳо дар шаҳри Тошканд ба занону духтарон 5 ҳазору 100 адад ордери муҳофизатӣ дода шудааст.

Шумораи бештари чунин ордерҳо дар ноҳияи Шайхонтоҳур ба расмият дароварда шудаанд.
Масъалаҳои оилавӣ нозуканд. Аз ин рӯ, то чанде пеш зӯроварӣ дар оила ҳамчун масъалаи шахсӣ арзёбӣ мешуд, ки бояд танҳо дар доираи худи оила ҳаллу фасл гардад. Имрӯз таъмини баробарии гендерӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардида, дар ин соҳа санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд. Дар кишвари мо ордери муҳофизатӣ ҳамчун механизми ҳимоя аз зӯроварии оилавӣ мавриди истифода қарор дорад.
Албатта, ҷорӣ гардидани ин санад қадами мусбат аст. Аммо он то куҷо самаранок аст? Оё воқеан ба ҷабрдидагон ёрӣ расонида метавонад? Пас аз гирифтани ин ҳуҷҷат дар ҳаёти занон чӣ тағйир меёбаду чӣ бетағйир мемонад?
– Ордери муҳофизатӣ асосан ба заноне дода мешавад, ки дар оила мавриди зӯроварӣ қарор гирифтаанд, инчунин ба духтарони ноболиғе, ки аз ҷониби падару модар ё шахсони дигар ба фишору зӯроварӣ рӯ ба рӯ шудаанд, – мегӯяд нозири калони масъалаҳои занону духтарони Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд, подполковник Қундуз Бахитова. – Ҳамчунин, занону духтароне, ки дар муноқишаҳои байни ҳамсояҳо ҷабр дидаанд, дар кӯча, ҷойи кор ё таҳсил мавриди озору азият ва таъқиб қарор гирифтаанд, ё қурбони ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят шудаанд, метавонанд ордери муҳофизатӣ гиранд. Дар давраи амали он ба таҷовузкор тамос гирифтан бо ҷабрдида, аз ҷумла тавассути зангҳои телефонӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъқиб намудани ӯ манъ карда мешавад.
Баъзан чунин ҳолатҳо низ рӯй медиҳанд, ки масалан, зан танҳо барои тарсонидани шавҳараш ба телефони боварӣ муроҷиат мекунад. Дар чунин мавридҳо мо бо ҳамкории намояндагони «Ҳафгонаи маҳалла», отинойҳо ва кормандони иҷтимоӣ вазъи оиларо ҳамаҷониба меомӯзем ва дар сурати имкон барои оштӣ додани тарафҳо ва бо роҳи осоишта ҳал намудани мушкилот талош мекунем. Аммо агар воқеан зӯроварӣ содир шуда бошад, онро ихтилофи одии оилавӣ номидан мумкин нест. Ин ҳуқуқвайронкунист, ки ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, қадру қимат, озодӣ, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва иҷтимоии инсон дахл мекунад.
Дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ танҳо дар шаҳри Тошканд ба занону духтарон 5 ҳазору 100 ордери муҳофизатӣ дода шудааст. Аз ин шумора 4 ҳазору 107 ҳолат ба зӯроварӣ дар оила, 377 ҳолат ба ҳодисаҳои дар кӯча, 169 ҳолат ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, 75 ҳолат ба ҷойи кор ва 21 ҳолат ба муассисаҳои таълимӣ рухдода марбутанд. Яъне, аксари онҳое, ки барои ҳимоя муроҷиат кардаанд, маҳз дар манзили худ бо мушкил рӯ ба рӯ шудаанд.
Ҳимоя бояд пайваста бошад
Ҳангоми таҳлили маҳаллаҳо аз рӯйи шумораи ордерҳои муҳофизатии додашуда маълум гардид, ки дар ноҳияи Шайхонтоҳур чунин ордерҳо бештар ба расмият дароварда шудаанд. Дар ин ноҳия 51 маҳалла мавҷуд аст. Ба гуфтаи масъулон, ҳар рӯз ворид шудани то ҳафту ҳашт муроҷиат на аз афзоиши зӯроварӣ, балки аз он шаҳодат медиҳад, ки занону духтарон ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунанд ва ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила рӯ ба коҳиш доранд.
– Ордери муҳофизатӣ санади ҳуқуқиест, ки ба таъмини фаврии амнияти ҷабрдида равона шудааст, – мегӯяд нозири калони масъалаҳои занону духтарони Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Шайхонтоҳур, подполковник Саодат Азимова. – Аз лаҳзаи ошкор шудани ҳолати фишороварӣ ва зӯроварӣ ё хатари содир шудани он дар давоми 24 соат ордери муҳофизатӣ ба муҳлати то 30 рӯз дода мешавад. Агар хатар бартараф нагардад, дар асоси аризаи ҷабрдида суди парвандаҳои ҷиноятӣ метавонад муҳлати амали ордерро то як сол тамдид намояд. Риоя накардани талаботи ордер тибқи қонун боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Аз 1 апрели соли ҷорӣ бо розигии ҷабрдидае, ки барояш ордери муҳофизатӣ дода шудааст, дар телефони мобилии ӯ замимаи «my.ihma.uz» фаъол карда мешавад. Ин замима дорои тугмаи SOS буда, имкон медиҳад, ки дар ҳолати таҳдид ё зӯроварӣ фавран ба масъулон хабар дода шавад. Акнун танҳо бо пахши тугмаи SOS метавон ёрӣ даъват кард.
 То имрӯз ба занону духтарони аз зӯроварӣ дар маҳаллаҳо зарардида 1 ҳазору 39 ордери муҳофизатӣ дода шудааст. Масалан, чанде пеш аз маҳаллаи «Чарх Новза» вобаста ба муноқишаи байни хушдоман ва келину овсинҳо муроҷиат ворид гардид. Дар чунин ҳолатҳо андешаи ҳар ду тараф шунида шуда, вазъият мавриди омӯзиш қарор мегирад. Зеро ин ҳуҷҷат на танҳо барои ҳимояи як тараф, балки дар ҳолатҳои зарурӣ барои аз фишору озори якдигар ҳифз намудани ҳар ду ҷониб низ дода мешавад.
Дар ноҳияи Юнусобод ба келини семоҳа ҳомила, ки аз ҷониби шавҳараш мавриди фишор қарор гирифта буд, ҳатто ду маротиба ордери муҳофизатӣ дода шудааст. Дар ҳолати дигар, падари яке аз хонандагони мактаб пайваста ба дарсҳои духтараш халал расонида, мекӯшид дар дили ӯ нисбат ба модараш нафрат бедор кунад. Дар навбати худ, модар низ барои аз падар дур кардани духтар ба ӯ фишор меовард. Барои ҳимояи кӯдак аз зӯроварии ҳар ду волидайн ба ӯ низ ордер дода шуд.
Пас аз гирифтани ордери муҳофизатӣ бисёре аз хешовандон ва ҳамсояҳое, ки бо ҷангу ҷанҷол ва муноқиша муроҷиат мекунанд, ба созиш меоянд. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки пас аз ба охир расидани муҳлати ордер масъулон дигар бо занони ҷабрдида сарукор намегиранд. Аммо мо ҳамеша амнияти шаҳрвандонро зери назорат мегирем. Ҳатто пинҳонӣ вазъи онҳоро пайгирӣ карда, тавассути масъулони маҳалла барои таъмини бехатарии онҳо чора меандешем.
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо то ҳол баъзе қолабҳои тафаккури миллӣ ва маишӣ решаҳои амиқ доранд. Аз ҷумла, андешаҳои «занад, пас дӯст медорад», «зан бояд дар ҳар гуна вазъият оилаашро нигоҳ дорад», «фарзандон набояд бе падар ба воя расанд», «ба камбудиҳои мард сабр кардан вазифаи зан аст» бисёр занонро водор месозанд, ки дар баробари зӯроварии оилавӣ хомӯш бошанд.
Баъзан муносибати манфии ҷомеа ба занони аз шавҳар ҷудошуда ва насиҳатҳои пайвандон аз қабили «сабр кун, дар фикри фарзандонат бош», «гапи зану шавҳар набояд ба кӯча барояд» низ барои ҳимояи ҳуқуқҳои ҷабрдида монеа эҷод мекунанд. Дар натиҷа, занон бо нигарониҳое чун «фарзандонам ятим намонанд», «мардум чӣ мегӯянд?», «ба хонаи падар баргашта наметавонам» солҳо ба зӯроварии равонӣ, ҷисмонӣ ва иқтисодӣ тоб меоранд.
Ордери муҳофизатӣ ба кӯдакон низ дода мешавад
– Зани ҷамъияти мо, ҳар қадар душворӣ кашад ҳам, намехоҳад дарди худро ошкор кунад. На танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, балки ҳатто ба ҳамсоягону шиносҳо низ аз мушкилоташ чизе намегӯяд. Барои гирифтани ордер аз як идора ба идораи дигар давутоз намекунад, – мегӯяд судяи Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гулнафис Худойбердиева. – Дар давраи фаъолияти судягиам оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ даъвоҳои зиёди занонеро баррасӣ кардаам, ки мавриди зӯроварӣ қарор гирифтаанд. Агар соли гузашта дар кишвари мо бо талаби шахсони аз зӯроварии оилавӣ (маишӣ) зарардида 120 парванда баррасӣ шуда бошад, соли ҷорӣ аз ин шумора 62 парванда қонеъ гардонида шудааст.
Дар байни занони мо нафароне кам нестанд, ки бинобар содагӣ, боварии зиёд ба дигарон ва надонистани қонунҳо дар ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, як келини сокини вилояти Сирдарё аз ҷониби шавҳараш, ки бо зани аз худ хеле калонсол зиндагӣ мекард, пайваста мавриди фишору озор қарор мегирифт. Вазъият то ҷое расид, ки шавҳараш ҳатто мехост фарзандашро аз ӯ бигирад. Ин зан таҳти таъсири фишори равонӣ ҳатто дар суд туҳматҳои нисбаташ бофташударо эътироф кард. Мо дар ҳамкорӣ бо равоншиносон ба вазъи равонии ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намудем. Дар натиҷаи талошҳои якмоҳа тавонистем ӯро аз ҳолати афсурдагӣ раҳо карда, барои дарки ҳуқуқу манфиатҳои худ кумак расонем. Дар ниҳоят адолат барқарор шуд ва фарзандаш ба модар баргардонида шуд.
Имсол бо қарорҳои судӣ аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидани ҳазорон шаҳрванд, иҷро накардани масъулияти онҳо дар назди фарзандон ва бепарвоӣ нисбат ба тақдиру ояндаи кӯдакон касро ба андеша водор месозад.
Зеро ҳар як кӯдак ҳақ дорад дар фазои меҳру муҳаббат, таваҷҷуҳ ва зери ҳимояи падару модар ба воя расад. Оилаи солим муҳитест, ки дар он қадру қимати инсон гиромӣ дошта шуда, ҳар як узви он худро дар амният ва мавриди эҳтиром эҳсос мекунад.
Барои фароҳам овардани чунин муҳит зарур аст, ки дар ҷомеа нисбат ба ҳар гуна зӯроварӣ мавқеи оштинопазир ташаккул ёбад ва ба ҳар як ҳолат сари вақт ва бо масъулият муносибат карда шавад.
Ин ислоҳот, ки ба ҳимояи ҳуқуқҳои занону кӯдакон нигаронида шудаанд, набояд танҳо дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ маҳдуд монанд, балки бояд ба таъмини некӯаҳволӣ ва амнияти оилаҳо низ хидмат кунанд.

Адиба УМИРОВА,
«Халқ сўзи»
.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: