Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусайн 23 ноябр бо сафари давлатӣ ба ин кишвар рафт.
Дар барномаи сафар баргузории музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Аммон, иштирок дар форуми тиҷоратии намояндагони соҳибкории Ӯзбекистон ва Урдун ва дигар чорабиниҳои муштарак ҷой дорад.