Мақсади асосии фаъолияти Оҷонсии «Ӯзархив»-и назди Вазорати адлия татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи фаъолияти бойгонӣ ва коргузорӣ дар кишвар, инчунин ҳифзу нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Фонди миллии бойгонӣ мебошад.
Ба наздикӣ дар Маркази омодасозии маводи расонаӣ барои воситаҳои ахбори оммаи назди Маъмурияти Президент оид ба рафти иҷрои Фармони Президент аз 24 ноябри соли 2025 «Дар бораи чорабиниҳои рақамисозии соҳаи фаъолияти бойгонӣ ва боз ҳам баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар ин соҳа» ва вазифаҳои минбаъда нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Намояндагони «Ӯзархив» дар бораи натиҷаҳои асосии бадастомада дар самтҳои рақамикунонии соҳаи бойгонӣ, баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ба шаҳрвандон, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи назорати давлатӣ маълумот пешниҳод карданд.
Тавре ки маълум аст, дар кишвари мо бо мақсади рушди соҳаи бойгонӣ мутобиқ ба талаботи замон, ҳифзу нигоҳдории ҳуҷҷатҳои таърихӣ, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ ҷиҳати истифодаи онҳо, инчунин баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорон ислоҳоти васеъмиқёс ба амал татбиқ мегардад.
Тибқи фармони мазкур пешбинӣ шудааст, ки то соли 2030 сатҳи рақамикунонии ҳуҷҷатҳои фонд ба 60 фоиз ва ҳиссаи хидматрасониҳои электронӣ ба 100 фоиз расонида шавад. Ҳамзамон, муҳлати пешниҳоди хидматрасониҳо на камтар аз се маротиба кӯтоҳ карда, дар раванди коркарди ҳуҷҷатҳои бойгонӣ технологияҳои зеҳни сунъӣ ҷорӣ ва низоми ягонаи рақамии идоракунӣ дар соҳа таъсис гардад.
– Яке аз натиҷаҳои муҳимми иҷрои фармон ба 18 фоиз расидани сатҳи рақамикунонии ҳуҷҷатҳои фонд мебошад, – гуфт муовини директори оҷонсӣ Шерзод Содиқов. – То имрӯз аз ҳуҷҷатҳои нодири бойгонӣ 260 миллион кадр нусхаи электронӣ таҳия гардида, ба Низоми ягонаи миллии иттилоотии бойгонӣ ворид карда шудааст. Барои суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ 200 таҷҳизоти муосири иловагӣ харидорӣ гардида, мутахассисони зарурӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Аз ҷумла, аз бойгониҳои Олмон, Беларус ва Туркия 3244 нусхаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки ба таърихи кишвари мо дахл доранд, оварда шуданд. Ин ҳуҷҷатҳо барои омӯзиши амиқтари таърихи диёрамон дар асоси сарчашмаҳои бойгонии хориҷӣ, ғанӣ гардонидани заминаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва пурратар омӯхтани мероси таърихии халқамон аҳаммияти калон доранд. Ҳамчунин, дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонӣ китоби «Ӯзбекистон – сарзамини наҷот» нашр гардид. Дар китоб таърихи шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба Ӯзбекистон кӯчонида шудаанд, инъикос ёфтааст.
Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба бойгониҳои ҷумҳурӣ беш аз 429 ҳазор дархост оид ба масъалаҳои иҷтимоиву ҳуқуқӣ ворид гардида, ҳамаи онҳо иҷро шудаанд.
Зимни нишаст намояндагони оҷонсӣ маълумотҳоро оиди нақшаву вазифаҳои минбаъда низ пешкаш намуданд. Таъкид гардид, ки оҷонсӣ корҳои рақамикунониро марҳила ба марҳила идома медиҳад. Аз ҷумла, дар солҳои 2025-2027 рақамикунонии ҳуҷҷатҳои дорои арзиши махсус ва нодир, инчунин ҳуҷҷатҳои марбут ба замин ва молу мулк ба нақша гирифта шудааст. Дар солҳои 2028-2029 бошад, рақамикунонии ҳуҷ-ҷатҳои кино, акс, ҳуҷҷатҳои фонографӣ, инчунин илмию техникӣ амалӣ карда мешаванд.
Набия Нодирова,
хабарнигори
«Овози тоҷик».