Дар асоси Қарори Президент аз 20-уми июли соли 2023 «Дар бораи чораҳои бунёди маркази муосири тиҷоратӣ ва маҷмааи истиқоматии «Ширин» дар шаҳри Самарқанд» дар соҳили руди хушҳавои Зарафшон шаҳраки нави Ширин ҳамчун маркази маъмурии вилояти Самарқанд бунёд мегардад. Айни замон корҳои сохтмони маҷмаа дар авҷ аст.
Барои татбиқи қарор аз ҳисоби ноҳияи Оқдарё 665 гектар замин ҷудо карда шудааст, ки аз он 19 гектар барои 97 бинои маъмурӣ аст.
Маҷмааи нав барои 150 ҳазор нафар пешбинӣ шуда, дар он 250 бинои истиқоматии бисёрқабата, 50 иншооти истироҳативу табобатӣ, мактабу кӯдакистон, истгоҳҳои ёрии таъҷилӣ, осорхонаи санъату ҳунар, маркази ҷавонон, растаҳои савдо, бозор, гулгашту хиёбонҳо ва ғайра бунёд хоҳанд шуд.
Тавре мутахассиси калони роҳбарияти маҷмааи сохтмон Рустам Саломов иттилоъ дод, барои бунёди сохтмони гуногун муҳандисон ва мутахассисон аз Ҷопон, Чин, Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон ширкат меварзанд.
Барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, велосипедронҳо ва пиёдагардон 112 километр роҳи нави замонавӣ ва ду пул аз болои дарёи Зарафшон сохта мешавад.
Пули пайвасткунандаи шаҳри Самарқанд бо маҷмааи Ширин 780 метр дарозӣ, 28 метр паҳно ва роҳҳои пиёдагард дошта, шабона равшан хоҳанд шуд.
Тибқи нақша сохтмони маҷмаа то соли 2030 идома хоҳад ёфт.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.