Муаллимзане бо ин ки зебо ва ахлоқи хубе дошт, ҳанӯз издивоҷ накарда буд. Боре шогирдони кунҷков аз ӯ пурсиданд:
– Чаро бо он ки дорои ахлоқ ва ҳусни зебо ҳастед, ҳанӯз издивоҷ накардаед?
Муаллим дар посух ба нақл пардохт:
– Зане панҷ духтар ба дунё оварда буд. Шавҳараш он занро таҳдид кард, ки агар бори дигар духтар ба дунё оварад, ӯро дар кӯча мегузошт ё ба ҳар навъе, ки бошад, аз ӯ халос мешавад. Хости Худованд буд, ки он зан бори дигар духтар ба дунё овард. Падараш он кӯдакро ҳар шаб канори кӯчаҳои шаҳр мегузошт. Субҳ, ки меомад, медид, ки касе тифлро набурдааст. То се рӯз ин кор идома дошт ва модараш ҳар шаб барои тифл дуо мекард ва ӯро ба Худо месупурд. Хулоса он мард хаста шуд ва тифлро ба хона бозгардонд. Модараш хеле хушҳол шуд. Бори дигар бордор гашт ва ин бор хеле нигарон буд, ки мабодо боз духтар ба дунё оварад. Аммо хости Худо буд, ки ин бор писар ба дунё омад. Аммо бо таваллуди писар, духтари бузургашон фавтид. Бори дигар бордор шуду боз писаре ба дунё овард, аммо духтари дувумашон фавт кард. Зан панҷ бор писар ба дунё овард ва панҷ духтарашон ҳама фавт карданд. Аммо фақат як духтарашон, ҳамоне, ки падар мехост аз ӯ халос шавад ва ҳар шаб ба кӯча раҳояш мекард, зинда монд.
Модар фавт кард ва он ягона духтар ва писарҳо ҳама бузург шуданд. Медонед он духтаре, ки падараш мехост аз ӯ халос шавад, кӣ буд? Он духтар манам ва ман бад-ин хотир то ҳол издивоҷ накардам, ки падарам хеле пир аст ва касе нест, ки ӯро нигоҳубин кунад. Ман хидматашро мекунам. Он панҷ писар, яъне бародаронам фақат гоҳ-гоҳе хабараш мегиранд. Падарам ҳамеша гиря мекунад ва пушаймон аз коре аст, ки дар кӯдакиам бо ман карда буд.
Чӣ басо чизҳоеро, ки дӯст надоред ва нописанд медонед, аммо барои шумо дар он хайре нуҳуфтааст...
Таҳияи А. Дурандеш.