Дар шаҳри Женеваи Швейтсария маросими қуръакашии Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот — Salesforce FIDE World Championship 2026 баргузор шуд.
Бар асоси натиҷаи қуръакашӣ, намояндаи Ӯзбекистон Ҷавоҳир Синдоров дар бозии аввал бо қаҳрамони феълии ҷаҳон Гукеш Доммараҷу бо муҳраҳои сафед рақобат мекунад.
Бозии аввали мусобиқа барои дарёфти тоҷи шоҳмотбози ҷаҳон 24 ноябр, соати 19:00 ба вақти Тошканд оғоз мешавад. Дар ин бора хадамоти иттилоотии Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон хабар додааст.