Ўзбекистон – Полша: таҷрибаи хориҷӣ дар соҳаи назорати нақлиёт омӯхта мешавад

Дар ин рӯзҳо ҳайати кормандони Инспексияи назорати нақлиёти назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази “нақлиёти рақамӣ” ва Маркази тадқиқоти нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Полша қарор доранд.

Дар доираи сафар бо масъулин таҳти роҳбарии директори Департаменти нақлиёти автомобилии Вазорати инфрасохтори Полша мулоқот баргузор гардид.

Дар он таҷрибаи ҳамкасбони поляк дар робита ба равандҳои санҷиши фаъолияти инспексияи нақлиёти автомобилӣ, мониторинги параметрҳои вазн ва ҳаҷм, тартиби истироҳат ва кори ронандагон, инчунин иҷозат барои зиёд намудани ҳамлу нақли байналмилалии боркашонӣ бо роҳи автомобилгард ба мақсади санҷиши ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати инфрасохтори Полшаро баррасӣ карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: