«ДОҒИСТОНИ МАН» ВА «ТУРНАҲО»-И АДИБИ БУЗУРГ

Вақте номи шоир ва нависандаи бузург, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, яке аз фарзандони фарзонаи халқи авар Расул Ғамзатов (1923–2003) ба забон омад, дарҳол асари машҳури ӯ «Доғистони ман» ва шеъри «Турнаҳо» ба хотир мерасад.

Ин ду маҳсули хома ва тафаккуру тахайюли бадеии адиби номӣ ба бештар шуҳраваршавиаш дар ақсои олам мусоидат кардаанд.
Ҳануз солҳои 1972 ва 1975 қисмҳои аввал ва сонии китоби «Доғистони ман» бо тоҷикӣ дар баргардониши Абдулло Зокир (мутарҷими шеърҳо Аслам Адҳам ва устод Лоиқ) аз тариқи нашриёти «Ирфон» (Душанбе) сурат гирифта буд. Шунида будам, ки он дар гармии навишта шудан ва баҳои баланд гирифтан аз ҷониби нақди бадеиву доираи васеи китобхонҳо ба якчанд забонҳои дигар низ тарҷума ва дар шакли китоб ба дасти умум расидааст. Вале ба забони ӯзбекӣ ин асар дертар баромад. Ин маро ба тааҷҷуб меандохт. Охир Ӯзбекистон ҷиҳати тарҷума ва чопи дурдонаҳои адабиёти ҷаҳон ва халқҳои собиқ иттиҳод яке аз ҷойҳои аввалинро мегирифт. Сабаби дер тарҷума ва дар шакли китоб ба дасти хонандагон расиданаш дар чист?
Мутарҷими «Доғистони ман» ба ӯзбекӣ Асрор Муъминро дер боз мешиносам. Борҳо ҳамсуҳбат шудаем. Ин дафъа гуфтугӯямон дар бораи «Доғистони ман» ва «Турнаҳо»-и Расул Ғамзатов, ки имсол 100-солагиаш таҷлил мегардад, хеле давом кард. Маълум гашт ҳануз дар охири солҳои шастум ба тарҷумаи «Доғистони ман» Эркин Воҳидов шуруъ карда будааст.
Ин асар соли 1967 дар Маскав ба русӣ рӯйи чоп дид, гуфт Асрор, сармуҳаррири онвақтаи маҷаллаи «Гулистон» Иброҳим Раҳим тарҷумаи онро ба Эркин Воҳидов супурд. Дар шумораҳои 1–8-и маҷалла пайиҳам порчаҳо аз асар ба табъ расиданд. Маҷаллахонҳо бесаброна чоп шудани давоми онро интизор буданд, вале бо сабабҳои номаълум,эҳтимол аз серкории Эркин Воҳидов, кор истода монд...
Тавре А. Муъмин нақл намуд, охирҳои соли 2005 сармуҳаррири маҷаллаи «Гулистон» Азим Суюн ӯро назди худ хонд. Гуфт «Доғистони ман»-ро аз давоми тарҷумаи Эркин Воҳидов идома деҳ. А. Муъмин дарҳол розӣ нашуд, ба хотири сармуҳаррир расонд, эҳтимол Эркинака давоми асарро ҳам кайҳо тарҷума карда бошад. Накардааст, ту тарҷума кун, фармуд Азим Суюн. Мутарҷимро лозим омад назди Эркин Воҳидов равад. Маълум гашт суханони сармуҳаррир дуруст – давоми асар ҳамон баргардонда нашудааст. Шоири маъруф ба Асрор Муъмин гуфт давомаш кори шумо, бароятон муваффақият!
Асрор Муъмин дар ибтидои бо шунидани суруди «Турнаҳо» дар қалбаш орзуи  баргардондани он рӯ зада, вале он асно донишу таҷрибааш кофӣ набуд.
Бо варақзании луғатҳои зиёд саъй мекард тарҷума ҳам кунад. 
Вақте дар хона аз «Турнаҳо» чашм намеканд, бародараш пурсид: 
– Ин қадар нигариста мондӣ ба ин шеър?
– Расулоғо ба турнаҳо чаро на субҳдам ё рӯзона, балки шомгоҳон менигаристааст? Ҳамин маро ба хаёл водор сохт.
Он вақт бародараш даркортарин ҷойи шеъреро, ки бояд баргардонда шавад, баён кард:
– Рӯҳҳо шомҳангом барои зиёрат рӯ ҷониби Макка парвоз мекунанд.
Баъди ин мағзи шеъри «Турнаҳо»-ро идрок намуд Асрор.
Вай баъди чанд сол ҷуръат кард тарҷумаҳояш аз Расул Ғамзатовро ба идораи «Жаҳон адабиёти» барад. Тарҷумаҳо дар маҷалла ба чоп расиданд.
Дар «Доғистони ман» порчаҳои шеърӣ хеле зиёд. Мутарҷимро лозим омад дар болои ҳар як шеъру порчаи шеърии ин асар муддати дароз майна об кунад. Инчунин ҳикоятҳо, ҳикмату пандҳои ашхоси таърихӣ.
Ҳамин тавр, баъди «фотиҳа»-и Эркин Воҳидов, ба тарҷумаи «Доғистони ман» ҷиддӣ шурӯъ сохт. Аз ибтидои соли 2007 тарҷумаҳо дар маҷаллаи «Гулистон» муттасил ба нашр расиданд. Соли 2011 китобҳои якум ва дувуми «Доғистони ман» дар шакли китоб аз чоп баромаданд. Орзуи сисолаи мутарҷим, ниҳоят, ҷомаи амал пӯшид.
Эҷодкорони радиои Ӯзбекистон аз рӯйи «Доғистони ман» радиоинсенировкаи бисёрқисмата омода сохтанд. Асар рӯйи эфирро низ дид ва ба шунавандагон писанд афтод.
Чи тавре Асрор хотирнишон сохт, Расул Ғамзатов бо шеърҳои ҷудогонааш низ ба Ӯзбекистон ва ӯзбекистониён ошност. Ботир Зокиров,Шералӣ Ҷӯраев барин овозхонҳои мо шеърҳояшро ба оҳанг даровардаанд. 
Шоирӣ дар хуни Расулоғо ҷой дошт – падараш Шоири мардумии Доғистон Ғамзат Садаса (1877–1951). Вай соли 1948 дар тантанаҳо бахшида ба 500-солагии бузургдошти Алишер Навоӣ дар Тошканд иштирок ва баромад карда буд.  Баъди 25 сол писари ӯ Расул (соли 1968) ба Тошканд омад ва дар чорабиние ширкат ҷуст, ки ба 525-солагии Навоӣ бахшида шуда буд. 
Расул Ғамзатов ва Шароф Рашидов дӯстӣ доштанд. Дар сафари Куба (1962) ҳамроҳ буданд. Китоби Р.Ғамзатов «Ситораҳои бузург» он сол ба Мукофоти давлатӣ сазовор шуда буд. Вай китобашро ба Рашидов туҳфа намуд. Китобро Мамарасул Бобоев ва Зоҳидҷон Обидов ба ӯзбекӣ тарҷума карданд ва он соли 1964 дар ҳоли китоб рӯйи дунё дид.
Баргардем ба шеъри «Турнаҳо». 
Дар воқеъ, шеъри «Турнаҳо» («Журавли») дар тарҷумаи Наум Гребнев соли 1968 дар рақами 4-уми маҷаллаи «Новый мир» ба табъ расида буд. Шеър эътибори овозхони нотакрор Марк Бернесро ба худ кашид. Вай аз дӯсташ  Ян Френкел хоҳиш намуд ба шеър оҳанг офарад.Соли 1969 суруд дар мавҷи ҳаво паҳн гашт, ба тори қалби миллионҳо нохун зад.
Он солҳо дар шаҳри Чирчиқ гузоштани ёдгорӣ ба хотираи шаҳидони ҷанг оғоз ёфта буд. Меъмор Серго Сутягин вақте «Турнаҳо»-ро шунид, хост аз ғояи наве, ки якбора фикрашро равшан сохт, истифода кунад. Аз шоира Зулфияхонум хоҳиш кард чаҳор мисраъ аз «Турнаҳо»-ро ба ӯзбекӣ гардонад. Хоҳиш ба амал баромад. Тарҷума ва матни русии он, ҳамин тавр, ба қисми ҷудонопазири ёдгорӣ  дар Чирчиқ сабаб гашт. 8 майи соли 1972 маросими кушоиши ёдгорӣ бахшида ба шаҳидони ҶБВ рӯйи кор омад. Дере нагузашта Расул Ғамзатов барои дидани ёдгорӣ ба Чирчиқ омад ва бо ҳайрату ҳаяҷон гуфт: «Ба суруд танҳо халқи маданиятнок ва санъатдӯст  ҳайкал мегузорад...»
Баъдтар адиби шаҳир ин суханонро дар гирдиҳамоиҳои гуногун борҳо такрор кардааст. Кори ибратпазире, ки дар Чирчиқ ба амал омад, водор сохт  дар ҷойҳои дигар низ ба суруди «Турнаҳо» ҳайкал гузоранд. Дар 180 маскани гуногуни дунё муҷассама ба суруди «Турнаҳо» барпо гашт.
Имрӯз, ки 100-солагии адиби забардаст қайд мегардад, сари қадам ба зиёрати ёдгорӣ воқеъ дар Чирчиқ низ меоянд. Баробари хотираи шаҳидон назди хотираи Расулоғо ва «Турнаҳо»-и ҳамон баландпарвози ӯ сари таъзим фурӯ меоваранд.
Мутарҷим Асрор Муъмин ният дорад  ба хотири боз ҳам бештар шиносондани Расул Ғамзатов ба ҳамватанонаш асарҳои тарҷуманашудаи ӯро баргардонад.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: