КОРХОНАИ НАВ БА КОР САР КАРД

Дар ноҳияи Марҳамат ба сифати ҷамъияти масъулияташ маҳдуд корхонаи нави “Касаба текстил ҳамкор” ба кор оғоз кард.

Дар ноҳияи Марҳамат ба сифати ҷамъияти масъулияташ маҳдуд корхонаи нави “Касаба текстил ҳамкор” ба кор оғоз кард. Ин корхона тибқи лоиҳа ба маблағи шашуним миллиард сӯм арзи вуҷуд намуд. Соҳибкор Қувончбек Ҳайдаров дар ҳамкорӣ бо Федератсияи иттиҳодияи касабаи Ӯзбекистон ба бунёди ин корхона асос гузошт.
Дар маросими кушодашавии корхона ҳокими вилоят Шӯҳрат Абдураҳмонов ширкат ва суханронӣ кард.
– Дар ноҳияҳои вилоят барпо намудани чунин корхонаҳо мусоидат менамоянд, ки ба коҳиши сафи бекорон муваффақ шавем. Дар шароити ҳозира яке аз масъалаҳои асосӣ ва ҳаллаш ногузир фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ба мардум мебошад, – гуфт Шӯҳрат Абдураҳмонов.
– Корхонаи мо асосан маҳсулоти трикотажӣ истеҳсол мекунад. Баъди ба фаъолият шурӯъ кардани он аввал 300 нафар занону духтарон ба кор таъмин шуданд. Баъд корро дар ду баст ташкил кардем. Аз ин ҳисоб тавонистем, ки шумораи коргарони мо ба 600 нафар расад, – мегӯяд муассиси корхона Қувончбек Ҳайдаров.
Вай афзуд, ки сол аз сол доираи фаъолияташон тавсеа хоҳад ёфт ва  аз соли оянда маҳсулоти ин корхона ба кишварҳои ҳамсоя содир карда хоҳад шуд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: