ОБРАЗИ “ШИША” ДАР АДАБИЁТИ КЛАССИКӢ

Дар адабиёти мумтози беш аз ҳазору садсолаи форс-тоҷик баробари образҳои ҷолибу гуногун, “шиша” низ диққати суханваронро ба худ ҷалб кардааст.

Маълум, ки шиша ҷисми шаффоф ва зудшикан буда, барои ҳосил кардани он як навъ шағали сафед, оҳак ва баъзе моддаҳои дигарро дар кӯраҳои махсус об карда, дар қолабҳои гуногун мерехтанд. Инчунин, зарфи шишагин, монанди зарфи шароб зарфи шарбат ва ғайраро низ шиша мегӯянд, ки барои гирифтани ҳар гуна моеъ ба кор меравад. Аммо мавриди тасвири бузургони сухан маҳз хусусияти шиканандагиву нозукии он қарор гирифтааст.
Ҳадафи мо аз ин навиштаҳо байти машҳури шоири хушсухан Бисотии Самарқандӣ мебошад, ки дар асрҳои XIV-XV зиндагӣ ва эҷод намудааст. Аммо бо мақсади фаҳмотар шудани мавзӯъ шабоҳати образи шиша бо дил, қалбро бояд тазаккур дод, ки нозукӣ ва зудшикании ҳар ду дар муқоиса  диққати шоиронро ба худ кашидааст.
Диле, ки мавриди  назари шоирон мебошад, аз дили муқаррарии тасаввурнамудаи омма фарқ дорад. Маълум, ки он узви ҷисмонӣ буда, дар тарафи чапи сина ҷой дорад ва гардиши хунро ба низом медарорад. Дар тасаввури мутасаввифон бошад, дил мавҷудоти латифи рӯҳонӣ мебошад ва файзи илоҳӣ ба он нузул мекунад. Мутасаввифон ба дили ҷисмонии мавҷудот сару кор надоранд, зеро вай ба воситаи рӯҳи ҳайвонӣ баданро идора мекунад. Онҳо қалб гуфта нафси нотиқаро дар назар доранд, ки он ақл аст. Албатта, ин ақл аз ақли мавриди назари файласуфон фарқ дорад, ки ҷояш дар димоғ мебошад. Чи хеле ки дили санавбарӣ, яъне ҷисмонӣ бо тан муносибат дошта бошад, дили рӯҳонӣ низ бо олам чунин нисбат дорад. Инсон бояд нафси ҳайвонӣ ё худ аммораро ба нафси нотиқа тобеъ гардонад, ки дар натиҷа ҳамаи амалҳояшро бо фармони он ба ҷо оварда, ба истикмол ё худ расидан ба камолоти маънавӣ мепардозад. Бо ҳамин роҳ ба дараҷаи ақл, оқилӣ, ки ҷояш дар дил аст, мерасад ва бо салоҳияти дил ваҳдониятро пурра дарк мекунад. Ба ибораи дигар, дил ба ойинае табдил меёбад, ки таҷаллии ҳамаи маърифатҳои илоҳӣ дар он зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, мутасаввифон мӯътақиданд, ки чунин инсон бо чашми дил олами малакутро мушоҳида мекунад ва агар Каъба қиблаи зоҳирӣ бошад, дил қиблаи ботинист. Шоирони мутасаввифи форс-тоҷик ҳамин нуктаро мавриди назар қарор дода, барои ифодаи нозукии дил образи ойина ва шишаро мукаррар истифода бурдаанд. Аз ин ҷиҳат аст, ки адабиётшиноси маъруф Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ доир ба осори бадеии Бедили Абулмаъонӣ тадқиқоти муҳим ба анҷом расонида, ӯро “Шоири ойинаҳо” номидааст. Акнун мепардозем ба истифодаи образи шиша дар ашъори Бисотӣ, ки дар байте гуфтааст:
Хуршедро зи шишаи айвони туст нур,
Эй офтоби қадр, чӣ фархунда ахтарӣ.
Ба ибораи шоир покдарун будан чун шишаи май – аз хислатҳои бади ботинӣ пок будан ба шумор меравад:
Чун шишаи май покдарун бош, ки дар давр
Бас кӯзаи сарҳо, ки гили кӯзагарон шуд.
Умуман, вожаи “шиша” дар ашъори Бисотӣ дар чаҳор маврид ба дил нисбат дода шудааст. Дар ташбеҳи шоир дил шишаи май мебошад, ки зоҳиран хонанда гумон мекунад, ки “чашмони маҳбуба” онро ба даст гирифтаанд:
 Дил шишаву чашмони ту ҳар гӯша 
барандаш,
Мастанд, мабодо, ки баногаҳ шиканандаш.
Чунин навъи тасвирро дар ашъори анъанавии шоирони дигар низ метавон дучор омад. Аммо Бисотӣ бо зарофат мегӯяд, ки “чашмони ту мастанд, бояд онҳоро огоҳ кард, то ки эҳтиёт шаванду шишаи дили дардастдоштаашонро афтонда нашикананд”. Дар асл бошад, шоир гуфтанист, ки чашмони аз зебоии худ масти маҳбуба дили ошиқро рабудаанд ҳар сӯй назар кунанд, дил ҳам ба он сӯ майл мекунад. Мабодо ба рақиб нанигаранд, ки аз ин дили ошиқ шикаста мегардад. Чунин навъи тасвир хоси ашъори Бисотӣ буда, хусусан, дар ғазалиёти ӯ хеле фаровон дучор меояд. 
Яъне, дар баробари тасвири нишонрас, дар ашъори шоир “сужет” низ иштирок мекунад ва он нақли ҳодисаи муқаррарие набуда, балки тасвири кӯтоҳ ва фавқулоддае мебошад, ки хонандаро мутаваҷҷеҳ месозад ва ба шавқ меорад. Муаллифи тазкираи “Хизонаи омира” Мир Ғуломалихони Орзу байти мазкурро “ганҷи шойгон” хонда мегӯяд: “Воқифони уюби қавофӣ медонанд, ки ин   матлаъ муштамил бар қофияи шойгон нест, аммо ин лафз бар ин матлаб муборак омад, ки мустаҳаққи ганҷи шойгон шуд”. Ҳамин байт буд, ки ба Бисотӣ шуҳрати зиёд оварду ба туфайли он ҳукмдори темурии Самарқанд Халил Султони шеърдӯст ҳазор динор ато намуд ва шоирро маҳбуби хосу ом гардонид.
Чунин рангинбаёниҳои шоир диққати бузургтарин намояндагони шеъри “тарз”-ро, ки минбаъд бо номи «сабки ҳиндӣ» машҳур шуд, низ ба худ ҷалб намуда буд ва ба чанде аз ғазалҳои шоир ҷавоб гуфтани онон низ маълум аст. Чунончи, ба ғазали мазбури Бисотӣ Урфии Шерозӣ, ки яке аз поягузорони сабки навин мебошад, чунин ҷавоб гуфтааст:
Дорам ба чашми ӯ дили андӯҳпешаро,
Ғофил аз ин ки мешиканад маст шишаро.
Гуфтани ашъори ҷавобия ба ғазали мазкури Бисотӣ асрҳо идома дошт ва суханварони бузург дар ин бобат қувваозмоӣ намудаанд. Дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Восифӣ низ ба он ҷавоб гуфтани мавлоно Маҳмуд ном шоири муҳити адабии Ҳирот таъкид карда шудааст, ки гуфтааст:
Қадди ту ниҳолест к-аз ӯ мева хӯрандаш,
Усфури сари шохи ту дандон 
шиканандаш.
Табхола ба гирди лаби 
шаккаршиканаш бин!
Монанди нахӯде, ки ба шӯрбо 
фиганандаш.
Тибқи маълумоти муаллифони сарчашмаҳои адабӣ ҷавоби ба ғазали мазкур гуфтаи шогирди Хоҷа Исмати Бухороӣ, ки бо номи Хаёлии Бухороӣ машҳур аст, беҳтарин ба шумор меравад, ки дар ҳақиқат хеле барҷаста ифода ёфтааст:
Чашмат ар шишаи дилҳо шиканад, 
боке нест,
Кай тавонад, ки чунин маст чунинҳо 
накунад?!
Аз ин мисолҳо бармеояд, ки диққати намояндагони сабки навро дар қатори ашъори Ҳофизу Хусрав, Соибу Камол ва дигар бузургони сухан навоварию тозакориҳои Бисотӣ низ ба худ ҷалб карда буд  Тавассути ашъори ҷавобия шоирон ба ҷустуҷӯйи маонии наву ҷолиб талош варзиданд. Ин иқдом таконе гардид барои ба навҷӯиву тозабаёнӣ пардохтани шуаро ва метавон гуфт, ки дар ҳақиқат самароти муфидеро аз пай овард.

Фозилҷон ШУКУРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш. Рашидов.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: