ҚАДАМЕ БА ПЕШ

Дар вилояти Қашқадарё боз як коргоҳи замонавӣ сохтаву ба истифода дода шуд, ки бо коркарди пӯст машғул хоҳад гашт.

Ин коргоҳ дар ноҳияи Мубораки вилоят ҷой гирифта, ба «Кластери қарокӯлии Муборак» мутааллиқ аст.
Бо ифтитоҳ ёфтани корхона, ки қимати умумии лоиҳаи сохтмонаш 1 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ашёи хоми пӯст ба ҳолати нимтайёр оварда шуда, бо нархи бештаре ба хориҷ содир хоҳад гашт. Дар ин коргоҳ солона 170 ҳазор адад пӯст коркард ва ба маҳсулоти хушсифате мубаддал мегарданд ва дар назар аст, ки аз фурӯши ин миқдор маҳсулот 500 ҳазор доллари ИМА даромади соф ба даст ояд. Харидорони маҳсулоти ин корхона бунгоҳҳои саноатии истеҳсоли пойафзор ва маҳсулоти чармии кишварҳои Русия, Туркия ва Чин буда, алҳол мунтазири дастрас намудани фармоишоти худ ҳастанд.
Дар назар аст, ки минбаъд дар тасарруфи ин коргоҳ фабрикаҳои истеҳсоли пойафзор ва маҳсулоти чармии дигар сохта шуда, маҳсулоти он ба бозорҳои дохилии кишвар ва хориҷи он интиқол ёбанд.  
Дар арафаи Соли нав ба истифода дода шудани ин корхона ба мардуми ноҳия хурсандиҳо эҳдо намуд. Дар ин ҷо 60 нафар  бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: