Ғайратҷон Нурматови хирадманду поквиҷдонро ҳамдиёрон, бо таъбире «аз ҳафтсола то ҳафтодсола» хуб мешиносанду эҳтиром мекунанд.
Ин ҷарроҳи соҳибтаҷриба солҳои тӯлонист, ки ба мардуми Сӯх хидмати беминнат мерасонад.
Ғайратҷон зодаи деҳаи Қалъа мебошад. Фарзанди собиқ омӯзгори фанни математика Ашӯралӣ Нурматов ва омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Авринисоая (равони ҳар ду шод бод) аст.
Ӯ баъди хатми Донишкадаи давлатии тиббии Андиҷон аз соли 1983, яъне чил сол боз дар шифохонаи марказии ноҳия ба сифати ҷарроҳ адои вазифа дорад.
Натиҷаи дониши қавиву хидматҳои софдилона буд, ки дар ноҳия аввалин шуда сазовори «Алочии нигаҳдории тандурустӣ» гардид.
Мавсуф шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта , ҳатто дар зарурат рӯзҳои истироҳат ҳам, барои халқ хидмат мекунад. Беморонро бо рӯйи хушу чеҳраи кушод ва маданияти баланд қабул карда, хидматашонро адо ва мушкилашонро осон месозад.
Камина бо номи «Фарзанди халқ» шеъре иншо кардаам, ки дар ҳақи ӯст:
Туро модар барои халқ
зодаст,
Ба дарди халқ то ки бахшӣ
дармон.
Ҳамеша дар сарат фикри
табобат,
Ба беморон ту ҳастӣ
марҳами ҷон.
Набошад соати корат
муайян,
Кашӣ заҳмат ту гоҳе ҳар
шабу рӯз.
Ба дӯшат бори нангу ор
бор аст,
Ки то бошад ҳама хушрӯзу
пирӯз.
Тавонгар ҳастӣ дар илми
пизишкӣ,
Ба касбат ҷонфидо мебошӣ,
бешак.
Шудӣ «Аълочӣ»-и кори
табобат,
Муборак бод, ин унвон,
муборак!
Расулбеки АҲМАДЗОД, омӯзгор.