Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан, Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард. Сайидои НАСАФӢ
Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Сайидои НАСАФӢ
Шабеҳ ба байти болоӣ сӯхиён мақоле доранд: мураббиат набошад, мураббо намехӯрӣ. Дарҳақиқат чунин аст. Бе маслиҳату панди устод иҷрои кулли амалҳо нобасомон аст. «Устод агар набошад, ақле ба сар набошад»-и бузургон низ беҳуда гуфта нашудааст. Бинобар ин аз домани устод маҳкам доштану аз гуфтаҳояш сар напечидан ба шогирдон қарзи шогирдист. Чаро, ки рӯзе меояду он шогирд низ худ устод мешавад ва аз шогирдон амалҳои болоиро бо таъбире «дилаш меҷӯяд». Ҳамин маънӣ дар байти зер:
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хидмат куну устод шав.
Агар хато накунам, солҳои мактабхонии мо дар муносибати устоду шогирд, яъне омӯзгору талаба нисбати имрӯза тафовути беандоза ба чашм мерасид. Ҳар як сухан, панду андарзи устодонамонро мо – шогирдон бо таъбире «бо оби тилло менавиштем». Гапи мактабро ба хона намебурдем, барем ҳам аз волидон гӯшмол медидему бас. Ба суханҳои ҳикматноки «устод беҳтарин падар»-у дар иҷрои кулли омол «эҳтиёҷманду ниёзманди устод бояд бошем» сахт риоя мекардем.
Шукри Худованд, ки бо дуои бобою момои қариб 90-солаву орзуи деринаи волидони омӯзгорам ва истодагарии бародари калонӣ имрӯз худи ман устод гаштаву бародари хурдиам дар арафаи соҳиб шудан ба ин номи баланду пурифтихор аст. Ва тӯли собиқаи хеле кӯтоҳи корӣ аллакай дарк намудам, ки ҳурмату иззати устодон аз тарафи шогирдон на мисли солҳои пеш аст. Димоғбаландию калонигариҳои бо таъбире «бетагу туш»-и баъзе волидон ва эркагиҳои ба қавле «бетану мол»-и фарзандони онҳо боиси хунукӣ афтодан байни мактабу оила мегардад. Рости гап аз рафтору гуфтору кирдори бархе аз онҳо мо – устодон, омӯзгорон шарм медорем. Ва байти шоир ба ёд меояд:
Ҳар кӣ по каҷ мегузорад, хуни дил мо мехӯрем,
Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо.
Байни он тоифа ононе низ вомехӯранд, ки ба фарқи алифу калтак нағз сарфаҳм намераванду ба омӯзгор – устодон баҳо дода мегарданд, ки аз ин хандаи кас меояд. Чуноне ки бузургон гуфтаанд: «Гоҳе, ки чармгар атторӣ мекунад, гоҳе ки пинадӯз заргарӣ ва бӯзина наҷҷорӣ ҳатман як амали хандаоваре рух медиҳад». Ба эътибори тоифаҳои болоӣ ин ҷо овардани ҳикояти зерро айни муддао медонем: ҷавоне тӯли солҳои дароз назди наққоши бузурге асрори ҳунар омӯхт. Рӯзе устод ба шогирд гуфт, ки акнун ту паррончакӣ. Дигар чизе намонд, ки ман ба ту омӯзам. Ва шогирд бо маслиҳати устодаш нақши аҷиберо кашиду онро дар ҷойи намоёни маркази шаҳр гузошта болояш ин суханҳоро сабт кард: дар куҷои ин нақш камбудиеро бинед, болояш аломати «Х» гузоред. Ва бегоҳ омада дид, ки рӯи нақш моломол аз аломати «Х» аст. Шогирд ғамгин шуда устодашро аз асли воқеа хабардор намуд. Ва бо дархости устод нақшро дуюмбора кашид. Устод болои он «агар дар расм ягон норасоие бошад, илтимос, ислоҳ кунед»-ро сабт карду ба ҷойи пештарааш вогузошт. Вақти шом баргашта диданд, ки ба расм касе даст нарасондааст. Инро дида устод ба шогирдаш гуфт: – Ҳамаи инсонҳо қудрати танқидро доранд, вале ҷуръати ислоҳ не!
Дар хотима ба эътибори волидони кулли шогирдон расонданиям, ки ба қадри хизмати устод нарасидан нокасӣ асту бас. Зеро устод хоҳони ҳамешагии ояндаи неки шогирд аст. Ҳар як пешравию муваффақияти шогирд боиси сарбаландию гул-гулшукуфии устод хоҳад гашт. Чаро ки:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Фирдавс ТОҶИДДИНОВ,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 7,
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.