БАРОИ СОКИНОНИ ЗАРАРДИДАИ СИРДАРЁ ХОНАҲОИ ЗАМОНАВӢ СОХТА МЕШАВАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 май ба вилояти Сирдарё омад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 май ба вилояти Сирдарё омад.
Тавре ки шумо медонед, 1 майи соли равон дар натиҷаи қисман фурӯ рафтани сарбанди обанбори Сардоба маҳалла ва майдонҳои наздик зери об монданд. Роҳбари давлатамон фавран ба ҷойи ҳодиса омада, шахсан корҳоеро, ки оиди ба эътидол овардани вазъият татбиқ мегарданд, назорат кард.
Дар натиҷаи ҳодисаи фавқулодда дар ноҳияҳои Сардоба, Мирзообод ва Оқолтин 2 570 хонаҳои шахсӣ ва 76 манзилҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ хароб шуданд. Ба ғайр аз ин, 1 781 хонаи шахсӣ ва 52 манзили бисёрошёна қисман зарар дидаанд. 70 иншооти иҷтимоӣ, тақрибан 20 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ, 828 километр роҳ, шабакаҳои барқ, газ, об ва алоқа зарар диданд.
Дар рӯбарӯи озмоиш бори дигар ваҳдат, ҳамбастагӣ ва меҳрубонии халқамон намоён гардид. Дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ тақрибан 90 ҳазор нафар сокинони 28 маҳаллаи Сардоба, Оқолтин ва Мирзообод ба минтақаҳои бехатар кӯчонида шуданд.
Онҳо бо чизҳои зарурати аввал, хӯрокворӣ, либос ва дигар маҳсулот таъмин карда шуданд. Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, тамоми вилоятҳо, вазоратҳо, ассотсиатсияҳо ва аҳолӣ барои аҳолии Сирдарё маблағҳои ҳомигӣ гузаронда, масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, либос, доруворӣ ва ашёи рӯзгор фиристоданд.
Ҳангоми сафари қаблӣ ба минтақа роҳбари давлатамон вазифаи натанҳо барқарор кардан, балки беҳтар намудани зиндагии аҳолии маҳаллӣ, бунёд намудани манзилҳои нав, иншооти иҷтимоӣ ва ташкили ҷойҳои нави кориро низ ба миён гузошта,  ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дода буд.
Имрӯз Комиссияи ҳукуматӣ дар ин самт кор пеш мебарад. Барои барқарорсозӣ ва таъмири хонаҳои харобшуда, баргардонидани одамон ба хонаҳои барқароршудаашон, кӯмак расонидан ба онҳо дар ба роҳ мондани маишат, барқарорсозии инфрасохтор ва ҳифзи саломатии аҳолӣ саъю кӯшиш ва маблағҳои зиёд сафарбар карда шудаанд. Кормандони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодда, корҳои дохилӣ ва мудофиа, инчунин Гвардияи миллӣ дар ин самт ҷонбозӣ нишон медиҳанд.
То имрӯз хонаву кӯчаҳои тахминан 20 нуқтаи аҳолинишин тоза карда шуда, боқимондаи об аз 13 маҳалла бароварда шуданд.
Зиндагӣ дар ин маҳаллаҳо тадриҷан ба маҷрои худ меафтад. Тақрибан 66 ҳазор нафар ба хонаҳои худ баргаштанд. Дар дигар ҷойҳо корҳои тозакунӣ ва таъмир бо суръат идома доранд.
Президент Шавкат Мирзиёев аввал ба ноҳияи Сардоба ташриф оварда, бо корҳои дар ҳудуд анҷом додашуда шинос шуда, хонаҳои таъмиршударо аз назар гузаронд ва  бо мардум суҳбат кард.
Барои аҳолии ноҳияҳои Сардоба, Оқолтин ва Мирзообод, ки хонаҳояшон тамоман корношоям гаштаанд, дар 3 мавзеъ бунёд намудани 66 манзили панҷошёнаи дорои  2 640 хона ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, дар маҳаллаи Дӯстлики ноҳияи Сардоба 37 манзили бисёрошёнаи дорои 1480 хона сохта мешаванд. Сарвари давлатамон ба пойдевори мавзеи истиқоматӣ санги аввалро гузошт.
Дар ноҳияи Сардоба бо сокинони маҳаллӣ вохӯрӣ  баргузор гардид.
Президент Шавкат Мирзиёев бори дигар қайд намуд, ки садамаи техногенӣ дар обанбор озмоиши бузурге гардид, комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуда ва тамоми қувва ва имкониятҳо барои барҳам додани оқибатҳои обхезӣ сафарбар карда шуданд.
— Боз бори чорум аст, ки ман назди шумо омадам, то ки корҳоро ташкил кунам ва бифаҳмам, ки аҳволи сокинони Сирдарё чӣ гуна аст. Ҳар соат, ҳар дақиқа ман дар бораи вазъи ин ҷо мепурсам, онҳо ба воситаи телефон ба ман хабар медиҳанд, — гуфт сарвари давлат.
Таъкид гардид, ки вазифаи асосӣ барқарор кардани шароити зиндагии аҳолӣ мебошад, корҳо дар самти таъмири хонаҳои харобшуда ва сохтмони манзилҳои нав оғоз ёфтанд.
— Ҳам таъмир ва ҳам сохтмони хонаҳои нав аз ҷониби давлат ройгон  анҷом дода мешавад. То 1 сентябр одамон метавонанд ба хонаҳои нав ва хонаҳои таъмиршудаашон кӯч банданд. Ҳамзамон, замини зери хонаҳои харобшуда дар ихтиёри соҳибони онҳо боқӣ хоҳад монд, — гуфт Президент.
Аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳар яки 4,5 ҳазор соҳибони хонаҳои аз обхезӣ зарардида дар ҳаҷми 40 миллион сӯмӣ ёрии моддӣ ва тӯҳфаҳои иборат аз техникаҳои маишӣ дар шакли телевизор, яхдон, мошини ҷомашӯӣ, печҳои хурд, чойҷӯшҳои барқӣ ва дарзмолҳо супурда шуданд.
 Ҳокимиятҳо, вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкорон низ ба вилояти Сирдарё кӯмаки ҳомигӣ мерасонанд.
Ба сардобагиҳое, ки дар вохӯрӣ ҳузур доштанд, сертификатҳои дахлдори тӯҳфабоб ва картаҳои бонкӣ супурда шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба ноҳияи Мирзаобод ташриф оварда, бо корҳое, ки дар минтақаҳои аз вазъияти фавқулодда зарардида амалӣ мегардаанд, шинос шуд.
Дар ҳудуди маҳаллаи «Навбаҳор»-и ноҳияи мазкур сохтмони 9 манзили бисёрошёнаи 360 хонадор пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, дар маҳаллаҳои «Навбаҳор», «Ҳақиқат» ва «Янгиовул» 616 коттеҷ таъмир карда мешаванд. Ба ин кор сохтмончиён аз вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах, Фарғона, Намангон ва Андиҷон ҷалб карда шуданд.
Дар суҳбат бо шахсони масъул қайд гардид, ки корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ бояд хушсифат анҷом дода шуда, муҳимаш маводи замонавӣ ва каммасрафи маҳаллӣ истифода шаванд.
Сарвари давлатамон бо сокинони Мирзообод, фаъолони маҳалла ва соҳибони хонаҳо вохӯрд.
Таъкид гардид, ки барои барқарор намудани манзил, инфрасохтор, таъминоти нерӯи барқ, газ, оби ошомиданӣ ва таъмири роҳҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар мулоқот натанҳо ба таъмини манзил, балки ба ташкили корхонаҳо ва ҷойҳои корӣ низ эътибори махсус дода шуд.
Барои ин дар муддати кӯтоҳ 323 лоиҳаи бузург ва хурд бо маблағи 2 триллиону 143 миллиард сӯм ташкил карда шуданд. Бо шарофати татбиқи онҳо имсол дар ноҳияҳои Мирзообод, Оқолтин ва Сардоба ташкили 10 ҳазор ҷойҳои корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Мирзообод татбиқи 143 лоиҳаи арзишаш 1 триллиону 12 миллиард сӯм бо созмон додани зиёда аз 4,5 ҳазор ҷойҳои корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳаҳои ҶММ «ГулистонГолдЯрн» оид ба истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ, ҶММ «Мирзаобод Лимончилик кластери» оид ба созмон додани гармхонаи замонавӣ ва ҶММ «Самовий бахт қувончи» оид ба истеҳсоли равғани растанӣ аз ҷумлаи онҳост.
Ба сокинони осебдидаи Мирзообод чун  сардобагиҳо шаҳодатномаҳои дахлдор ва кортҳои бонкӣ бо воситаҳои пулӣ дода шуданд.
Роҳбари давлат дар таҳкурсиҳои хонаҳои нахустин, ки бояд дар ин маҳал сохта шаванд, капсула гузошт.
Президент Шавкат Мирзиёев ба ноҳияи аз обхезӣ зарардидаи Оқолтин ташриф оварда, бо сокинони маҳаллӣ мулоқот кард.
Таъкид гардид, ки корҳо оид ба сохтмон ва таъмири манзил, ҳифзи саломатии аҳолӣ, барқарорсозии инфрасохтор ва заминҳои кишоварзӣ идома доранд. Хабар дода шуд, ки дар маҳаллаи «Ҳақиқат»-и ин ноҳия 20 бинои бисёрошёнаи дорои 800 хона бунёд карда мешаванд.
Дар ноҳияҳои Сардоба, Мирзообод ва Оқолтин тақрибан 1800 коттеҷҳои панелӣ мавҷуданд, ки онҳо аз обхезӣ қариб зарар надидаанд. Дар назар дошта шудааст, ки онҳо навсозӣ ва ба соҳибонашон супурда мешаванд. Бо ин мақсад ба Сирдарё 305 бригадаи ширкатҳои сохтмонӣ ва тақрибан 12 ҳазор бинокорон аз тамоми минтақаҳои кишвар таҳти роҳбарии роҳбарони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд омаданд.
Дар маҳаллаҳои «Шодлик», «Саховат», «Аҳиллик» ва шаҳраки Учтоми ноҳияи Оқолтин ҳамагӣ 657 коттеҷ таъмир карда мешаванд. Сохтмони манзилҳо дар маҳаллаи «Шодлик» ба вилоятҳои Самарқанд, Қашқадарё ва Тошканд, дар маҳаллаи «Аҳиллик» ва шаҳраки Учтом ба вилояти Сурхондарё ва дар маҳаллаи «Саховат» ба шаҳри Тошканд вобаста карда шудаанд.
8,7 ҳазор гектар замини кишти ноҳияро об фаро гирифт. Дар ин ҷо низ мисли ноҳияҳои Сардоба ва Мирзообод об тавассути насосҳои сайёр бароварда шуд. Барои хишоваи алафҳои бегона ва култиватсияи пахтазори зарарнадида, инчунин барои кишти зироатҳои дигар чораҳо андешида мешаванд.
Дар ноҳияи Оқолтин аз ҳисоби татбиқи 95 лоиҳаи арзишаш 789 миллиард сӯм созмон додани тақрибан 3,5 ҳазор ҷойҳои корӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тавр, корхонаи «АПК Оқолтин» истеҳсоли равғани растанӣ, ҶММ «Oqoltin Mega Tekstil» — истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ  пешбинӣ шудааст.
Сертификатҳо ва кортҳои бонкӣ бо маблағҳои ба онҳо гузошташуда ба оқолтиниён,  ки аз обхезӣ зарар дидаанд, супурда шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев худи ҳамин рӯз ба Тошканд баргашт. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: