Ўзбекистон ва Қазоқистон аз 15 апрел ба мубодилаи мутақобилаи варақаҳои иҷозати электронӣ оғоз мекунанд

3 апрел дар Самарқанд ҳамоиши байналмилалии “Даҳлезҳои нақлиётии рақамӣ” оғоз шуд, ки дар он муовини вазири нақлиёти Ӯзбекистон Ҷасурбек Чориев ва намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Озарбойҷон ширкат доштанд.

Дар доираи форум ҷаласаи «Ҳамкории байналмилалӣ ва фаромарзӣ дар соҳаи нақлиёт» баргузор гардид, ки онро муовини вазири нақлиёти Ӯзбекистон Ҷасурбек Чориев ифтитоҳ намуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон.

Директори Департаменти рақамикунонӣ ва хидматҳои давлатии Вазорати нақлиёти Қазоқистон Сергази Омаш дар суханронии худ ба лоиҳаи гузариши мутақобила ба шаклҳои иҷозатдиҳии электронӣ (E-permit) бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамлу нақли нақлиёти автомобилӣ, ки айни замон татбиқ мегардад, таваҷҷуҳ намуд.

«Мо аллакай як ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонидем ва аз 15 апрели соли равон мо нақша дорем, ки мубодилаи мутақобилаи электронӣ ва додани варақаҳои электронии иҷозатномаро дар ҳолати озмоишӣ оғоз кунем», - гуфт намояндаи Вазорати нақлиёти Қазоқистон.

Дар ҷараёни ҷаласаҳо кишварҳо принсипҳо ва равишҳои дарозмуддати рушди иқтидори нақлиётию логистикии худро баррасӣ намуда, қайд карданд, ки форум барои рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар минтақа такони пурқувват хоҳад буд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: