Ўзбекистон ва АМА равобити соҳаи туризмро фаъол мегардонанд

Раиси Кумитаи оид ба сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Умид Шодиев бо вазири иқтисодиёти Аморати Муттаҳидаи Араб Абдулло Бин Тук Ал Марри дар чаҳорчӯбаи Форуми III байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки дар Тошканд баргузор гардид, музокирот анҷом дод.

Ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва динамикаи мусбати ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин истифодаи пурраи имкониятҳои байни кишварҳоро баррасӣ намуданд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ доир ба пурзӯр намудани маъракаҳои мутақобила оид ба рушди сайёҳӣ, ҷалби доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Амороти Муттаҳидаи Араб як қатор созишномаҳо ба даст оварда шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: