БА ИШТИРОКДОРОНИ ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ВАРЗИШИ ХАЛҚӢ

Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!

Дӯстони азиз!
Хонумон ва ҷанобон!
Ҳамаи шуморо бо кушодашавии Ҷашнвораи байналхалқии варзиши халқӣ дар Хеваи куҳан ва нотакрор, ки дар олам ба сифати осорхонаи зери осмони кушод машҳур аст, аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Дар ҷашнворае, ки бори аввал дар кишвари мо баргузор мегардад, намояндагони ЮНЕСКО, ТУРКСОЙ, Конфедератсияи умумиҷаҳонии варзиши халқӣ ва давлатҳо – аъзои он, ҳамчунин анқариб 930 варзишгарони халқии 63 мамлакат, кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок мекунанд, ки аз эътибор ва рағбат ба ин чорабинӣ дар олам дарак медиҳад.
Ҷашнвораи байналхалқӣ бесабаб дар замини Хоразми дорои гузаштаи пуршарафи беш аз сеҳазорсола баргузор намешавад. Ин воҳаи саховатманд аз гаҳвораҳои қадимии таърихи ғанӣ, фарҳанг ва ҳувияти миллии мо ба шумор меравад. Мо бо гузаштагон ва ниёгони диловар, фармондеҳони боистеъдоду моҳири ба воя расондаи ин замин чун Наҷмиддин Кубро, Ҷалолиддини Мангубердӣ, Паҳлавон Маҳмуд барҳақ ифтихор дорем.
Маълум аст, ки хелҳои варзиши халқӣ, ки дар худ таърихи халқ, суннат ва анъанаҳои миллиро таҷассум карданд, дар тарбияи насли наврас бо рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, шахсиятҳои обутобёфта, мустаҳкам кардани дӯстии байни давлатҳои ҷаҳон аҳамияти бузург доранд.
Вобаста ба ин дар мамлакати мо ба оммавикунонии бозиҳои милливу халқӣ, вусъат додани ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи мазкур эътибори махсус дода мешавад. Солҳои охир як қатор қарорҳои дахлдор, аз ҷумла Барномаи оммавикунонӣ ва рушди хелҳои варзиши халқӣ то соли 2025 қабул гардиданд.
Ташкил намудани мусобиқаҳои сезинавӣ оид ба хелҳои миллии варзиш, ҳар сол дар Тошканд баргузор кардани ҷашнвораи ҷумҳуриявии варзиши халқӣ ва дар ду сол як бор дар Хева гузаронидани Ҷашнвораи байналхалқии варзиши халқӣ дар ин самт қадамҳои муҳими амалӣ гардиданд.
Бо дарназардошти хусусиятҳои ҳар кадом ноҳия ва шаҳри ҷумҳурӣ бобати рушд ва оммавикунонии хелҳои миллии варзиш ва бозиҳои халқӣ, ташкил намудани мусобиқаҳои варзишӣ барномаҳои ҳудудӣ қабул карда шуданд.
Бинобар намудҳои ҷудогонаи варзиши халқӣ низоми идоравӣ, ҳамчунин захираи варзишгарону мураббиён ташаккул дода шуд, мунтазам баргузор кардани мусобиқаҳо ва бо маблағ таъмин кардани онҳо ба роҳ монда шуданд, ки барои кори мунтазами соҳа имконият фароҳам меоваранд.
Ба ҷалби васеи ҷавонон ба машғулияти хелҳои миллии варзиш ва бозиҳои халқӣ эътибори зиёд дода мешавад. Масъалаҳои тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос, ташкил намудани тадқиқотҳои илмии соҳаи мазкур дар маркази эътибор қарор доранд.
Дар идомаи чунин кори мунтазам номгӯйи намудҳои миллии варзиш ва бозиҳои халқӣ тартиб дода, бобати ворид сохтани гӯштини ӯзбекӣ ба Руйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО оид ба бозиҳои варзиши халқиву миллӣ чораҳо андешида мешаванд.
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Аз имконият истифода бурда, ба сафирони муҳтарами давлатҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, ки дар ҷашнвора иштирок доранд, миннатдории самимӣ изҳор мекунам.
Муътақидам, ки бо саъю кӯшишҳои муштарак ҷашнвораи мо дар қатори анҷуманҳои бонуфузи варзишии ҷаҳон мақоми сазовори худро пайдо мекунад.
Барои гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, талошҳои байналхалқӣ, чемпионатҳои ҷаҳон, ҳамчунин кори пурмаҳсули конфронс, ки дар доираи ҷашнвора татбиқ мешаванд, комёбиҳо орзу мекунам.
Ба ҳамаи шумо сиҳҳату саломатӣ, бахту саодат ва дастовардҳои нав таманно дорам.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: