РОҲБАРОНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ДУҶОНИБА ВА МИНТАҚАРО МУҲОКИМА НАМУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 май бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Роҳбари давлат Президенти Қазоқистонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ тандурустии мустаҳкам, фараҳмандӣ ва муваффақият, сулҳ ва шукуфоиро ба мамлакати бародар самимона таманно намуд.
Бо қаноатмандии том рушди тадриҷии муносиботи дӯстона, некҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон таъкид гардид.
Аз аввали сол нишондодҳои савдои ҳамдигар босубот меафзояд. Дар ҳамин рӯзҳо алоқаи мусофиркашони роҳи оҳани байни мамлакатҳоямон барқарор гардид.
Натиҷаҳои амалии мулоқотҳои барпогардидаи байни ҳайатҳои ҳукуматии Ӯзбекистон ва Қазоқистон олӣ арзёбӣ гардид. Аҳамияти тезондани омодагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ зикр шуд.
Роҳбарони ду мамлакат инчунин дар заминаи масъалаҳои муҳими мавзуоти байналхалқӣ ва вусъат бахшидани ҳамкории минтақавӣ табодули афкор намуданд.

ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: