Президенти нахустини Қазоқистон ёддоштҳои худро ба Президенти Ӯзбекистон ирсол кард

Дар мулоқоте, ки дар Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, меҳмон ба роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёев салому паёмҳои самимии Президенти нахустини Қазоқистонро расонид. Айдос Уқибай ҳамчунин ба Президенти Ӯзбекистон нусхаи китоби Нурсултон Назарбоев «Ҳаёти ман. Аз тобеият ба озодӣ»-ро бо соядасти муаллиф супурд.

Нурсултон Назарбоев дар ёддоштҳои худ, ки ҳақиқати таърихиро бо муносибати шахсӣ ҳамоҳанг месозад, хотираҳояшро дар бораи ҳаёти шахсӣ, даврони барқароршавӣ ва рушди мамлакат баҳам мебинад, ба ҳодисаҳои сиёсии чандин даҳсолае, ки ӯ роҳбари ҷумҳурӣ буд, баҳо медиҳад. 
Дар байни қаҳрамонони асари ӯ сиёсатмадорони шинохтае ҳам ҳастанд, ки вай дар арсаи сиёсӣ бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст. Назарбоев муносибати худро бо роҳбарони давлат ва ҳукуматҳо, дигар шахсиятҳои машҳур изҳор мекунад. 
Нурсултон Назарбоев дар бораи сарвари Ӯзбекистон махсус таваққуф карда, «Шавкат Мирзиёевро  арбоби бузурги сиёсӣ» меномад. Дар китоб ба ислоҳоте, ки Сарвари давлати мо татбиқ менамояду ба шарофати он иқтидори иқтисодии мамлакат меафзоянд, баҳои баланд дода шудааст. Бо қаноатмандӣ таъкид мегардад, ки робитаҳои бисёрҷанба бо Қазоқистон торафт меафзоянд, Шавкат Мирзиёев аз рӯзҳои аввали президентиаш ҳамкориро бо кишварҳои бародар мустаҳкам менамояд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: