ДАР РОҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ НАВ

Дар арафаи сафари расмии Президент Шавкат Мирзиёев ба Чин гурӯҳи намояндагон аз вилояти Ҷиззах таҳти сарварии ҳокими вилоят Эргаш Солиев ба ин кишвар рафта, дар Форуми байниҳудудии сармоягузориву соҳибкорӣ ширкат варзиданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокими вилоят иттилоъ расонд.
Дар форуме, ки дар Урумчӣ баргузор гардид, намояндагони вилояти Ҷиззах дар як гӯшаи он намоишгоҳ низ ташкил намуданд.
Якчанд нафар ба сухан баромада, дар бораи уфуқҳои нави ҳамкорӣ, рушду инкишоф ёфтани иқтисодиёт, ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳое, ки барои ҳарду ҷониб самаранок аст, ҳарф заданд. 
Ҳокими вилоят Э. Солиев, ки роҳбарони якчанд шаҳру навоҳиро ҳамроҳ гирифта буд, бо ҳамтоёни чинии худ  масъалаҳои гуногуни марбут ба ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор дода, ба имзо кардани Меморандум ва аҳдномаҳои барои тарафайн муҳим низ муваффақ гардиданд.
Ҳокимону сарварони садорату идораҳо дар шаҳри Бинҳаии Чин бо фаъолияти соҳибкороне, ки ба чорво сарукор доранд, ошно гардиданд. 
Ҳамчунин аз дафтари матбуоти ҳокими вилоят маълумот доданд, ки ҳайати намояндагони ҷиззахӣ ба музофотҳои Хебей, Гуанчжоу, Ханчжоу, Шандун ва шаҳри Синдао сафар намуда, дар форумҳои тиҷоратӣ ширкат варзиданд. Ба имзо намудани қарордодҳои дутарафа дар ҷодаи дорусозӣ, сайёҳӣ, истеҳсоли воситаҳои  электротехникӣ, пойафзор ва ғайра муяссар гардиданд.
Ба мувофиқа расиданд, ки барои роҳандозии  истеҳсоли трактор ва комбайнҳои замонавӣ бо «Qingdao Luhia Gram and oil Group» ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ҷиззах» бо кумаки сармояи Чин чандин корхона фаъолият мекунад. Дар заводи мошинсозӣ мошинҳои тамғаҳои гуногуни чинӣ истеҳсол карда мешавад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: