МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ИБТИДОИ АСРИ XX ДАР ТАШАККУЛИ АВВАЛИН ЗИЁИЁНИ ҚИРҒИЗ НАҚШИ КАЛОН БОЗИДАНД

ВАО-и Қирғизистон дар бораи рушди робитаҳои фарҳангиву башардӯстӣ ва илмию таълимӣ бо Ӯзбекистон

Агентии маъруфи иттилоотии Қирғизистон «АКИpress» мақолаи раиси Ассотсиатсияи мактабҳои олии Қирғизистон, ноиб-президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё, доктори илмҳои филология, профессор Абдил Мусаевро таҳти унвони «Қирғизистон – Ӯзбекистон: равобити фарҳангиву башардӯстӣ ва илмиву таълимӣ» паҳн намуд. 
«Ҷолиби диққат аст, ки имрӯз муносибатҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромада, ба мазмуни мушаххас ғанӣ гардид, ки ба бунёди робитаҳои мусбати дуҷониба, ҳамсоягии нек ва ҳамкории боэътимод нигаронида шудаанд, – гуфта мешавад дар мақола. – Қирғизҳо ва ӯзбекҳо ҳамчун ҳамсояҳои наздик аз қадимулайём паҳлу ба паҳлу истода, дар фазои сулҳу осоиш зиндагӣ мекунанд. Аз асри XVIII муносибатҳои сиёсии қирғизҳо бо ӯзбекҳо дар асоси ҳуҷҷат ба таври возеҳ инкишоф меёбанд. Онҳо аз муштаракӣ ва баҳам алоқаманд будани тақдири таърихии халқҳои мо, ки ба як дин, забон ва анъана асос ёфтаанд, шаҳодат медиҳанд». 
Муаллиф таъкид мекунад, ки дар Қирғизистон касе нест ки сатрҳои ҷовидонаи Алишери Навоиро надонад. Асарҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин» ва ғайра дар байни мардуми қирғиз паҳн гардида, шуҳрати фавқулодда  пайдо кардаанд. Далели ин гуфтаҳост, ки қирғизҳо ба фарзандони худ номи қаҳрамонони ашъори Навоӣ – Ширин, Лайло ва Искандарро мегузоранд. 
Тавре ки коршинос менависад, муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон дар ибтидои асри XX дар ташаккули аввалин зиёиёни қирғиз нақши бузург бозидаанд. Дар ин давра дар Қирғизистон шахсиятҳои дурахшон – намояндагони зиёии илмӣ, эҷодӣ ва техникӣ пайдо шуданд, ки ба фарҳанг ва илми кишвар саҳми беназир гузоштаанд. Бисёри онҳо дар гимназия, интернат, донишгоҳ ва донишкадаҳои шаҳри Тошканд таҳсил гирифтаанд. 
Дар фарҷом зикр мегардад, ки ҳамкориҳо дар соҳаи таълим тавассути роҳандозии робитаҳои мустақими байни донишгоҳҳо густариш меёбанд. «Ба шарофати созишномаҳои мавҷудаи дуҷониба дар самти тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омузгорон, мутахассисон ва кадрҳои илмиву педагогӣ корҳои муштарак ба роҳ монда шуда, мубодилаи мутақобилаи донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқон сурат мегирад», – хулоса мекунад муаллиф. 

АИ «Дунё»,
БИШКЕК.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: