ИНСОН АЗИЗ — ХОТИРА МУҚАДДАС

Баъди эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон корҳои рӯйи об баровардани ҳақиқату адолати таърихӣ қабл аз ҳама дар абадӣ гардондани хотираи ҳамватаноне, ки дар роҳи озодии халқу Ватан ҷон нисор намудаанд, таҷассум ёфт.

Баъди эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон корҳои рӯйи об баровардани ҳақиқату адолати таърихӣ қабл аз ҳама дар абадӣ гардондани хотираи ҳамватаноне, ки дар роҳи озодии халқу Ватан ҷон нисор намудаанд, таҷассум ёфт.
31 августи соли 2002 дар ҳудуди маҷмаъи ёдгории «Шаҳидлар хотираси», воқеъ дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд, бо мақсади ёдкарди фидоиёне, ки барои озодию истиқлолият талош варзидаанд, дари осорхонаи «Хотираи қурбониёни табъид» кушода шуд.
Нигораҳои осорхона ба дар дили ҳар як зиёраткунанда бедор кардани ҳисси садоқату муҳаббат ба халқу Ватан, донистани қадру қимати ин рӯзҳо, эҳтиром нисбати хотираи қурбониёни табъид нигаронида шудаанд. 
Дар тӯли давраи сипаригардида доир ба ташаккул додани нигораҳои илмии осорхона корҳои муайян анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, беш аз 150 асноди бойгонӣ, зиёдтар аз сад нусха фотосурат, қариб 100 ашё, 175-дона китоб, намунаҳои зиёд аз матбуоти даврӣ дарёфт шуданд ва аз сафи нигораҳои осорхона ҷой гирифтанд. Дар ҳамаи вилоятҳо шуъбаҳои «Осорхонаи қурбониёни табъид» созмон дода шуд. Бахшида ба қурбониёни табъид китобу филмҳои нав ба нав офарида мешаванд.
Қариб 50 китобу рисолае, ки ба рӯшан кардани мақсаду моҳияти 130 соли охири таърихи мамлакат, табъидҳои сиёсие, ки тӯли солҳои ҳукмронии Русияи подшоҳӣ ва аҳди шӯравӣ ба амал татбиқ гардидаанд, рӯйи чопро диданд. Дар ин хусус дар расонаҳои ахбори омма силсиламақолаҳо эълон гардиданд, як қатор намоишҳои телевизионӣ ва филмҳои мустанад намоиш дода шуданд. Дар ин самт корҳо идома доранд.
Ҳамчунин, солҳои охир бахшида ба хотираи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдулло Авлонӣ, Абдулҳамид Чӯлпон, Абдулло Қодирӣ, Исҳоқхон Ибрат ва дигар маорифпарварон дари осорхонаҳо боз гардиданд, дар хиёбони адибони Тошканд ҳайкалҳои муҳташамашон қомат рост карданд. Роҳбари давлат 31 августи соли 2020, вақте аз «Осорхонаи қурбониёни табъид» дидан кард, бо собиқадорон, олимон ва зиёиён суҳбат орост. Дар рафти суҳбат, аз ҷумла, гуфт: «Ин инсонҳо пешбарони воқеӣ, зиёиёни пештоз, намояндагони адабиёту фарҳанг, ба таъбири дигар, беҳтарин намояндагони миллату халқи моянд. Як пеши назар оред, агар онҳо табъид намешуданд, барои рушду ривоҷи Ватан, илму фан, иқтисодиёт, фарҳанг ва адабиёти мо корҳои бузургро анҷом медоданд, халқамонро пеш мебурданд. Ин корро дидаву дониста кардаанд. Ҳоло мо инро бо армон ба ёд меорем». 
Ҳамчунин, дар бораи аз нуқтаи назари талаби рӯз дида баромадани кору фаъолияти осорхона, васеътар рӯшан намудани корҳои илмие, ки тӯли давраи сипаригардида дар ин хусус сурат гирифтаанд, маълумоту фактҳои тозапайдошуда, зарурати ба фаҳми аҳли ҷомеаи васеъ, хоссатан ҷавонон, холисона расондани моҳияти саҳифаҳои таърихамон фикрҳои контсептуалӣ баён карда шуданд. Ба мақсади тибқи ғояи миллӣ ба маскани тарбиявии муассир табдил додани «Осорхонаи қурбониёни табъид», фароҳам овардани шароити зарурӣ, хусусан, бино ба аз нав ташаккул додани нигораҳои илмии осорхона дар назди вазорату идораҳои дахлдор як қатор вазифаҳо гузошта шуданд.
Бо назардошти пешниҳоду вазифаҳои болоӣ, 8 октябри солти 2020  фармоиши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба амиқтар омӯхтани мероси қурбониёни табъид ва абадӣ гардондани хотираи онҳо» ба тасвиб расид.
Дар фармоиш, аз ҷумла, гуфта шудааст: «Дар аҳде, ки хавфу хатари глобалӣ дар дунё пурзӯр мегардад, дарки худшиносии миллӣ ва барқарор кардани таърихи ростинамон беш аз пеш аҳамияти муҳим касб менамояд, абадӣ гардондани хотира ва номи арбобони давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони илму фан, маданият ва санъат, адабиёт, ҳазорон ҳамватанони касбу корашон оддие, ки аз ҷониби сохти тоталитарӣ хунсардона табъид шудаанд, дар асоси ҷасорату матонати онҳо тарбия кардани насли наврас дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба халқу Ватан вазифаи рӯзмарра мегардад.
Дар иртибот ба ин, бояд гуфт, ки ҳамаҷониба ва объективона омӯхтани маълумоти таърихӣ ба дарки он, ки истиқлолияти мамлакат ба чӣ қадар машаққат ва муборизаҳо ба даст омадааст, арҷгузорӣ ба ҳаёти озоду ободи имрӯз ва ҳифзи он хидмат хоҳад кард».
Ба рӯйи об баровардани ҳақиқате, ки ба ҳаёту фаъолияти фарзандони фидоии халқи сермиллат, аҷдоди маърифатпарвари мо тааллуқ дорад, барқарор намудани ҳақиқату адолати таърихӣ нисбати онҳо низ аз мақсадҳои неку наҷиб аст. Дар фармоиш барои амиқтар омӯхтани мероси қурбониёни табъид ва абадӣ гардондани хотираи онҳо дар назди созмонҳои гуногуни илму фан, таълим, манавият ва маърифат пешниҳоду вазифаҳо гузошта шудаанд. Дар иҷрои баъзеи ин вазифаҳо ҷамоаи Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон низ метавонад саҳм гузорад. Мисолан:
— ба мақсади абадӣ гардондани хотираи қурбониёни табъид дар китобхонаи академия бахшида ба маърифатпарварони бузурге чун Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Мунавварқорӣ Абдурашидхонов, Абдулло Авлонӣ ташкил додани гӯшаи хотира;
— тибқи роҳандозии ҳамкорӣ бо бойгониҳои гуногун, осорхона, китобхона ва дигар муассисаҳои илмию маърифатии берун аз кишвар, ҳамчунин мутахассисони дахлдори хориҷӣ ташкил додани экспедитсияҳои илмӣ;
— тадқиқи илмии ҳаёт ва фаъолияти қурбониёни табъид, таълифи китобҳои илмию таърихӣ дар бораи онҳо;
— дар ҳамаи маҳалла, шаҳр ва ноҳияҳо ташкил додани корҳои маънавию маърифатӣ, таҳти ғояи «Инсон азиз — хотира муқаддас» тарбия намудани аҳолӣ, хоссатан ҷавонон, дар рӯҳи эҳтиром ба хотираи падару бобоёни фидоӣ, ки барои тантанаи адолат ва истиқлолият талош варзидаанд, тарғиб намудани ҷасорат ва кору фаъолияти ибратпазири онҳо.
Бад-ин тарз, солҳои охир дар роҳи барпо кардани Ӯзбекистони нав корҳои барқарор намудани адолат ва ҳақиқати таърихӣ дар чанд самт сурат мегиранд, ки яке аз ин самтҳо амиқтар омӯхтани мероси маънавии қурбониёни табъид ва абадӣ гардондани хотираи онҳо мебошад.

Саидакбар АЪЗАМХӮҶАЕВ, 
профессори Академияи байналхалқии исломи Ӯзбекистон,
доктори илмҳои таърих.
(ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: