Дар Лондон дурнамои ҳамкорӣ бо роҳбарияти Маркази пажӯҳиши мубориза бо камбизоатии Оксфорд баррасӣ шуд

Сафири Ўзбекистон дар Бритониёи Кабир Равшан Усмонов бо директори ташаббуси Оксфорд оид ба мубориза бо камбизоатӣ ва рушди инсонӣ (OPHDI), профессор Сабина Алкир мулоқот анҷом дод.

OPHDI соли 2007 ҳамчун як маркази тадқиқотӣ дар Донишгоҳи Оксфорд таъсис ёфтааст. Таваҷҷуҳи асосии марказ андозагирӣ ва таҳлили бисёрҷанбаи камбизоатӣ, инчунин таҳқиқот ва роҳҳои ҳалли камбизоатӣ, ки фаротар аз нишондиҳандаҳои даромад аст, мебошад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Сабина Алкир ба ислоҳоти васеъмиқёс ва барномаҳои ҳукумат дар самти коҳиши камбизоатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ӯзбекистони Нав баҳои баланд дод.

«Сиёсати роҳбарияти Ӯзбекистон ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар хеле мубрам ва муҳим аст. Саъю талоши ҳукумати шумо барои дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкил дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва равишҳои нав якҷоя бо шарикон ва татбиқи пайвастаи онҳо шоёни таҳсин аст. Ман ба ин ҳангоми иштирок дар нахустин форуми байналмилалӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки моҳи майи соли 2022 дар Бухоро баргузор шуда буд, итминон ҳосил кардам», - гуфт С.Алкир.

Қайд карда шуд, ки OPHDI аз густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон манфиатдор аст. Сабина Алкир аз он истиқбол кард, ки ҷумҳурӣ 63-умин кишвари узв дар лоиҳаи Шабакаи бисёрҷанбаи камбизоатӣ - MPPN, ки аз ҷониби Марказ аз соли 2013 амалӣ мегардад, пазируфта шуд.

Ба гуфтаи вай, лоиҳаи MPPN як платформаест, ки барои мусоидат ба ҳамкорӣ ва табодули дониш байни кишварҳо ва созмонҳои марбут ба андозагирии бисёрҷанба ва коҳиши фақр пешбинӣ шудааст.

Дар ҷамъбасти мулоқот дар бораи ташкили мизи мудаввар дар OPHDI якҷоя бо Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Дастгоҳи Президенти Ӯзбекистон тавофуқ ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: