Президент бо истеҳсоли вагонҳои мусофиркаш ва лоиҳаҳои нави соҳа шинос шуд

  • Президент бо истеҳсоли вагонҳои мусофиркаш ва лоиҳаҳои нави соҳа шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев аз корхонаи оид ба истеҳсол ва таъмири вагонҳои мусофиркашони Тошканд боздид ба амал овард.

Дар мамлакати мо нақлиёти роҳи оҳан инкишоф меёбад, миқдори хатсайрҳо меафзояд. Ин, дар навбати худ, талаботро ба вагонҳо зиёд мекунад.

Дар корхона 16 навъи вагонҳои мусофиркашонӣ истеҳсол ва таъмир карда мешаванд. Соли гузашта дар завод 32 адад вагонҳои мусофиркашон истеҳсол ва 319 вагон таъмир карда шуданд. Таъкид кардан муҳим аст, ки дар пояи кооператсия 70 фоизи қисмҳои эҳтиётӣ азхуд карда шуданд.

Умуман тӯли солҳои сипаришуда зиёда аз 300 вагони мусофиркашон ва хидматӣ истеҳсол гардиданд, ки беш аз 50 адади онҳо ба содирот бароварда шуданд. Ғайр аз ин 112 вагони метрополитен бозсозӣ карда шуд.

Вагонҳо ба 28 соли истифода муқаррар гардидаанд ва  ба талаботи байналхалқӣ куллан мусоидат мекунанд, қулайиро барои мусофирон таъмин менамоянд, сифати баланд доранд ва бехатаранд.

Низоми гармкунӣ ва сардкунӣ такмил ёфта, тартиби бодбезӣ беҳтар гардидааст. Дастгоҳ барои гарм кардани об ҳам барои кор бо электр ва ҳам бо ангишт пешбинӣ шудааст. Барои мусофирон бобати бо оби тозаву сарди нӯшокӣ таъмин кардани онҳо, ҳамчунин барои қувват гирифтани телефонҳо асбобҳои махсус пешбинӣ мегарданд. Дар корхона 619 нафар муҳандисон ва коргарон меҳнат мекунанд.

Президент вагонҳоро аз назар гузаронид. Вай зарурияти тағйир додани ороиши онҳо ва беҳтар кардани қулаиҳо барои мусофиронро таъкид намуд. Бобати вусъат додани электриконии шабакаҳои роҳи оҳан, фаро гирифтани ноҳияҳои дорои аҳолии зиёд, созмон додани иқтидорҳои алоҳида барои соҳа супоришҳо дода шуданд.

Соли равон истеҳсол ва таъмири садҳо вагон ба нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин истеҳсоли вагонҳои махсус барои корхонаҳои кӯҳиву металлургӣ ва аз худ намудани навъҳои нави вагонҳо бо купеи васеъ пешбинӣ мегардад.

Ба роҳбари давлат лоиҳаи наве, ки ба роҳ мондани истеҳсоли қатораҳои барқӣ ва поездҳои метроро пешбинӣ менамояд, муаррифӣ карда шуд.

Ҳамчунин дар бораи ба роҳ мондани ҳаракати қатораҳои баландсуръати байни Тошканд ва Хива, ки ба нақша гирифта шудааст, маълумот пешниҳод гардид. Президент соли 2022-юм дар маросими гузоштани ҳайкали Ҷалолиддини Мангубердӣ дар Хоразм аз ин хусус сухан карда буд. Хариди қатораи барқии баландсуръати «Hyundai Rotem» аз Кӯриёи Ҷанубӣ пешбинӣ гардидааст. Қатораи барқии дорои ҳафт вагон 351 мусофирро гунҷонида метавонад ва қодир аст суръаташро соате то ба 250 километр тезонад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: