Нахустин Президенти Қазоқистон ба Президенти Ӯзбекистон муваффақиятҳои калон таманно кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Элбошӣ Нурсултон Назарбоев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Элбошӣ Нурсултон Назарбоев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Элбошӣ Президенти Ӯзбекистонро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи умумихалқии сарвари давлат, ки як рӯз пеш баргузор гардид, самимона табрик намуда, дар фаъолияташ баҳри беҳбудӣ ва шукуфоии халқи бародар комёбиҳои бузург таманно намуд.

Бинобар масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ўзбекистону Қазоқистон, инчунин сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. 

Ба ҳарчи зудтар амалӣ намудани лоиҳаҳои калони муштарак эътибори муҳим дода  шуд, ки барои истифода бурдани имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия пешбинӣ шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: