Президенти Ӯзбекистон бо роҳбари Ҳукумати Покистон масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ кард

  • Президенти Ӯзбекистон бо роҳбари Ҳукумати Покистон масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ кард

20 сентябр дар доираи сессияи 78-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Анвар ул-Хақ Какар вохӯрд.

Дар рафти гуфтушунид масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва рушди ҳамкории ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Покистон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо аз афзоиши нишондиҳандаҳои тиҷорати мутақобила – 75 дарсад аз аввали сол изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар ин муддат ҳаҷми боркашонӣ 50 фоиз афзуд, 20 корхонаи нави муштарак кушода шуд.

Сарвари давлатамон аҳамияти идома додани корҳоро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши гардиши мол дар доираи Созишномаи савдои имтиёзнок таъкид кард.

Қайд карда шуд, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои судманди минтақаҳои ду кишвар ва рушди робитаҳои кооперативӣ имконоти бузург мавҷуд аст. Инчунин дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои бофандагӣ, дорусозӣ, электротехникӣ ва туризм баррасӣ шуд.

Доир ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақа, аз ҷумла дар заминаи густариши вазъ дар Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

Аҳамияти талошҳои муштарак дар пешбурди амалии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Трансафғон таъкид шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: