ТУҲФАҲОИ ИДОНА

Ба шарафи ҷашни истиқлол дар ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё расми кушоиши як қатор коргоҳҳои нав ва аз таъмири кулл беруномада баргузор гардид, ки барои мардуми ин қаламрав армуғони хуби идона гашт.

Аз ҷумла, варзишгоҳи марказии ноҳия, ки солҳои дароз ба таъмир муҳтоҷ буд, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ тармим гашта, дар хидмати мардум қарор гирифт.
Ифтитоҳ ёфтани як коргоҳи хусусии дӯзандагӣ дар ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Янгиқурулиш» бошад, беҳтарин туҳфаи идона буд, ки мардуми ин маҳалларо хеле хурсанд сохт. Ин сехи дӯзандагӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Элбек Диёров бунёд ёфтааст, ки дорои 70 ҷои корӣ аст. Соҳибкор барои сохтани ин коргоҳ аз ҳисоби худ зиёда аз 2 миллиард сӯм масраф намудааст. Элбек Диёров гуфт, аз имконоте, ки ҳукумат дар ин авохир барои соҳибкорон ва ривоҷ додани соҳибкории инфиродӣ фароҳам овардааст, хеле мамнун мебошад ва талош хоҳад варзид, ки минбаъд коргоҳи худро васеъ сохта, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоварад. Ҳукумати маҳаллӣ барои рӯҳбаланд намудани ин соҳибкор 100 миллион сӯм маблағи имтиёзнок ҷудо намуд, ки ба харидани таҷҳизоти дӯзандагӣ сарф шудааст.
Бояд таъкид намуд, ки дар ҷамоати шаҳрвандони «Кӯктош»-и ноҳия расми кушоиши бинои нави ин маҳалла баргузор шуд ва ба иди ҳақиқие мубаддал гашт. Аммо ба истифода супорида шудани бинои наву замонавии мактаби миёнаи рақами 9-ум туҳфаи беҳтарини идона буд, ки дар ин рӯзҳо иттифоқ афтод. Ин дабистон аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ сохтаву мавриди истифода қарор ёфт. Дар тантанаҳои расмии кушоиши он тамоми раҳбарони секторҳо ва фаъолони меҳнату аҳли маориф ширкат доштанд. 
32-юмин солгарди ҷашн бо тантанаҳои хосу тӯҳфаҳои беҳтаринаш дар ёди мардум, аз ҷумла бошандагони ноҳияи Чироқчӣ абадан хоҳад монд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»  дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: