Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи оммавигардонии этноспорт таъкид намуд

  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи оммавигардонии этноспорт таъкид намуд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 сентябр ҳайати Конфедератсияи ҷаҳонии этноспортро таҳти сарварии раиси ин созмон Наҷметтин Билол Эрдоған ба ҳузур пазируфт.

Доир ба масъалаҳои рушди минбаъда ва оммавӣ гардондани намудҳои миллии спорт ва бозиҳои халқӣ мубодилаи афкор барпо гардид.

Дар оғози мулоқот Билол Эрдоған ба раҳбари Ӯзбекистон салому орзуҳои беҳтарини Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоғанро расонд.

Инчунин барои дастгирӣ ва дар сатҳи олӣ ташкил намудани Фестивали байналмилалии этноспорт, ки бори нахуст дар шаҳри Хива бо иштироки қариб 2 ҳазор варзишгарон аз зиёда аз 60 давлати ҷаҳон баргузор мегардад, миннатдории самимӣ изҳор карда шуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои амиқсозии ҳамкорӣ дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, табодули тачриба, тайёр кардани мутахассисон, мураббиён ва доварон, дар асоси «харитаи роҳ» ба этноспорт васеъ чалб намудани ҷавонон баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: