ЯРМАРКАИ МЕҲНАТ ТАШКИЛ КАРДА ШУД

Ба манзури таъмини кор барои фориғуттаҳсилони солҳои 2021-2022-и Донишгоҳи Пучони Тошканд, ки дар ҳамкорӣ бо Кореяи Ҷанубӣ таъсис ёфтааст, ярмаркаи меҳнат ташкил карда шуд.

Дар ин ҷо ҳамзамон бо як гурӯҳ кордиҳандагон мулоқоти ошкорову самимӣ баргузор гардид. Кордиҳандагон дар бораи ҷойҳои холӣ ё вакансияҳои корхонаҳои марбути онҳо ба донишҷӯён маълумоти возеҳ тақдим намуданд.
– Аз моҳи феврали соли равон дар донишгоҳи мо Маркази карера ба фаъолият шурӯъ намудааст, ки бо ҷавонони хатмкунанда кор мебарад. Он талош ба харҷ медиҳад, ки ин ҷавонон саривақт ба кори дилхоҳи худ таъмин гарданд. Барои ҷавонони хатмкунанда шароит дар марҳилаи таҷрибаомӯзӣ низ хеле хуб фароҳам оварда мешавад, – мегӯяд ректори донишгоҳ Виктор Нам. Вай меафзояд, ки ин донишгоҳ бештар кадрҳое тайёр мекунад, ки баъди хатм онҳо дар муассисаҳои таълими томактабӣ машғули кор мешаванд. Соли гузашта 393 нафар ҷавонони донишҷӯ аз шаҳру ноҳияҳои мухталифи Ӯзбекистон ин донишгоҳро тамом кардаанд ва ба роҳи васеи зиндагӣ раҳсипор гардидаанд.
Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби ин ярмарка ба хатмкунандагони донишгоҳ имконият фароҳам оварда шуд, ки худашон бевосита бо кордиҳандагони муваффақ вориди суҳбату мулоқот шаванд ва дар бораи худашон низ ба онҳо маълумотҳои саҳеҳ тақдим кунанд. Инчунин онҳо муваффақ хоҳанд шуд, ки маҳз дар ҷои кори нави худ барои таҷрибаомӯзӣ фиристода шаванд ва дар ин бора маъмурияти донишгоҳро огоҳ созанд.
Интизор меравад, ки аллакай як гурӯҳи калони хатмкунандагони донишгоҳ ҷойи кори худро муайян кардаанд. Ба ин албатта, маҳз ташкили ярмаркаи меҳнат хеле мусоидат намудааст.

Шаҳноза ТӮРАЕВА, 
мутахассиси бахши матбуоти Вазорати таълими томактабии 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: