Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Терхи Ҳакала ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон Имон Гилмор мулоқот кард.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба меҳмонон дар бораи раванд дар соҳаи ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ дар Ӯзбекистон, фаъолияти Олий Маҷлис ва Парлумони ҷавонон муфассал маълумот дода шуд.
Нақши махсуси парлумон дар равандҳои муҳими сиёсӣ дар бунёди Ӯзбекистони Нав, аз ҷумла, ислоҳоти конститутсионӣ, инчунин дар рафти дигаргунсозиҳои демократӣ ва ислоҳот қайд карда шуд.
Раиси Сенат таъкид намуд, ки Ӯзбекистон аз рушди пайвастаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Иттиҳоди Аврупо ҳамчун шарики асосии байналмиллалӣ ва фаъолияти муштарак ҷиҳати фаро гирифтани тамоми соҳаҳои муносибатҳо манфиатдор аст.
Дар навбати худ намояндагони Иттиҳоди Аврупо ба дигаргуниҳое, ки дар Ӯзбекистон тӯли солҳоли охир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият ба амал меоянд, саъю кӯшиши таъмини пайвастагии ислоҳот баҳои баланд доданд.
Зимни мулоқот махсусан қайд гардид, ки масъалаҳои таъмини баробари гендерӣ, кафолати ҳуқуқи занон, таҳкими нақши онҳо дар ҷомеа ва оила ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. Бинобар натиҷаи мулоқот оид ба минбаъд бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардондани муколамаи густурдаи дуҷониба тавофуқ ҳосил шуд.