«ИН ХОК ФИРЕБОСТ, ВАЛЕ ХОКИ ВАТАН НЕСТ!»

Улдона Қараева 13-уми феврали соли 1965 дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун чашм ба олам кушодааст. Соли 1982 мактаби рақами 9-уми зодгоҳашро хатм намуда, ба факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон шомил шудааст. Пас аз хатми донишкада ду сол дар мактаби зодгоҳаш муаллима буд. Соли 1988, баъди издивоҷ, ба шаҳри Қаршӣ рафта, дар Ширкати садову симои вилоят кор кард. Аввали солҳои 2000 хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё буд. Баъдан сарнавишт ӯро аз Ватан ба дурҳо бурд.

Улдона Қараева 13-уми феврали соли 1965 дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун чашм ба олам кушодааст. Соли 1982 мактаби рақами 9-уми зодгоҳашро хатм намуда, ба факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон шомил шудааст. Пас аз хатми донишкада ду сол дар мактаби зодгоҳаш муаллима буд. Соли 1988, баъди издивоҷ, ба шаҳри Қаршӣ рафта, дар Ширкати садову симои вилоят кор кард. Аввали солҳои 2000 хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё буд. Баъдан сарнавишт ӯро аз Ватан ба дурҳо бурд...
Ман хонум Қараеваро аз даврони мактабхонӣ мешиносам. Навиштаҳояш зеби саҳифаҳои «Овози тоҷик» буданд ва мо онҳоро бо завқу шавқ мутолиа мекардем. Баъд ин номро «гум» кардем, куҷо шуду куҷо рафт, намедонистем. Пасон фаҳмидем, ки бо тақозои тақдир ба хориҷи кишвар рафтаасту инак 17 сол боз дар Шветсия кору зиндагӣ мекунад.  
Чун занг зада ҳол пурсидам, хурсанд шуд ва суҳбати мо дер давом кард...
– Чаро Улдона...?
– Номи бибиҷонам – модари падарам аст. Падарам, ин номро бинобар эҳтироми баландаш ба модар ба ман ниҳодааст. Баъдан, ман дар хонадон фарзанди панҷум ҳастам. Нахустфарзанди хонадон писар ва аз қазо чор нафари боқӣ ҳама духтар будем. Бо орзуи дубора писардор шудан падарам ба ман Улдона ном гузоштааст. Аммо модарам боз духтар ба дунё овард ва падар ба ӯ Ӯғлон ном ниҳод. Худованд онҳоро ноумед накард: – модарам паи ҳам ду писар таваллуд кард. Ихтиёр ва Умедҷон ном доранд додаракони ман.
Дар ҳамин мавзӯъ як чизро таъкид карданиам: дар Шветсия баъзе ҳамватанон аз исми худ даст кашида, расман номҳои маҳаллӣ интихоб карданд. Аммо ман... дилам нашуд, ки ягона ёдгор аз падарҷонамро аз даст бидиҳам. Ба ҷуз адаб боз ҳамин ном аст, ки аз падар ба мерос гирифтаам. Он маро дур аз Ватан чун фарзанди Ватан муаррифӣ мекунад.
– Саломат бошед. Ватанро пазмон шудагистед...
– Эҳ, напурсед. Ҳар нафаси мо бо ёди Ватан мегузарад. Ба қавле “Худам ин ҷо, дилам он ҷо...” Ватан ва Модар. Ду вожаи муқаддас, вақте диққат мешавӣ, ҳатман ҳар дуро якҷо талаффуз мекунӣ. Ман модарам. Бо Ватан тавъам ҳастам. Моро ҷудо тасаввур кардан ғалат аст. Боз кас дар мусофирати тӯлонӣ чунон меҳандӯст мешавад, ки агар як умр дар Ватан бизияд, ин қадар меҳр нахоҳад дошт. Ман хеле хуб дарк мекунам, “Ин хок фиребост, вале хоки Ватан нест!..”
– Дар замони Президенти феълӣ мароми сиёсии кишвар тағйир ёфта, бисёре аз ҳамватанони мо дубора ба Ватан меоянд. Оё ният доред, ки ба Ватан баргардед?
– Мо хеле хушҳолем, ки Ватанамон аз ҳар нигоҳ рушд мекунад ва рӯ ба ҷаҳони мутамаддин овардаву дунболи сохтани як ҷомеаи мардумсолор гом мениҳад. Ҳарчанд аз Ватан дурем, аммо аз муҳтавои Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис ва мардуми кишвар, дигар пешрафтҳои Ватани ҷонаҷонамон бохабарем. Мамлакат дар садади як ислоҳоти фарогири иқтисодиву сиёсӣ қарор дорад. Итминон дорем, ки ҳамватанон муваффақ мегарданд. Хоса, ба соҳаи таълим ва маорифи халқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кардани роҳбари давлат маро хуш омад. Ҳар кишваре, ки дар таълим ва тарбия забардаст шуд, бешак ояндаи дурахшон дорад. 
Ман ҳам, иншоаллоҳ, ба Ватани маҳбуб бармегардам. Ёди дӯстон, ҳамқаламони ниҳоят меҳрубонам дар “Овози тоҷик”, ки хеле дӯсташон медорам, таборони баоқибат, пайвандон... ҳамвора маро ба сӯйи худ мехонанд. Ҳоло дар ҷараёни омодасозии санадҳо ҳастем. Чун корҳо мусбат анҷоманд, ҳатман ба сӯйи диёр парвоз мекунам. Муштоқи оби ширину ҳавои ҷонбахшаш ҳастам. Хоса, зодгоҳам – Дарбанд ва мардуми шарифашро хеле пазмон шудаам.
– Дар Шветсия бо чӣ кор машғулед?
– Мо ҳамроҳи оилаам дар шаҳри Сундовалл зиндагӣ мекунем. Ин шаҳраки зебову диданист. Ҳоло худам дар шаҳрдории Тимро дар шуъбаи хадамоти иҷтимоӣ ва бахши шуғлу қаробат кор мекунам. Бо мардуми мисли худам муҳоҷир суҳбат мекунам, тренинг-машғулоти гуногун мегузаронам.
– Пас забони шведиро хуб медонед?
– Албатта. Забон надонӣ, ин ҷо ту касе нестӣ ва ба дурустӣ кор ҳам наметавонӣ пайдо бикунӣ. Вақте 17 сол муқаддам бо тақозои тақдир ин ҷо омадем, забони шведиро дар ҳафт моҳ ёд гирифтам. Чунки дар мактаб мо забони немисӣ хонда будем. Аксари вожаҳои ин забон ба немисӣ монанд буданд, ки кори забономӯзии маро хеле осон кард. Пасон курсҳои мутарҷимиро низ фаро гирифта соҳиби сертификат гаштам.
– Кадом ҷиҳати он кишвар ба шумо писанд аст?
– Дар Шветсия, куллан дар аксари мамолики Аврупо низ қонунҳо хеле хуб риоят мешаванд. Кабиру сағир нест, касе ҳад надорад, ки берун аз қонун пой гузорад. Баъдан, дар ин ҷо раҳбарон кибре надоранд, бо ходим дар як зина мебошанд. Раҳбарро мебинед, ки агар фаррош замоне дер кард, бе ҳеҷ хиҷолат латта дар даст ба тоза кардани гарди анҷомҳои дафтараш машғул мегардад ва аз ин ҳеҷ нороҳатӣ ҳис намекунад. Муомилаҳо гарм ва хеле самимӣ ҳастанд.
– Агар ба Ватан баргардед, бештар доир ба кадом мавзӯъҳо менависед?
– Хушунати хонаводагӣ. Дар назари ман ин мавзуи доғтарин аст ва дар ҷомеаи суннатии мо занон бештар таҳти фишори мардҳо қарор доранд, озори равонӣ мебинанд... 
– Чаро дар вилояти Қашқадарё, ки шумо солҳои зиёд он ҷо зистаед, дар байни бонувони тоҷики муқими он эҷодкоре ба назар намерасад? Ё ҳасту мо бехабарем?
– Ман ҳам ин чизро мушоҳида кардаам. Хеле дар шигифтам, ки чаро аз байни бонувони тоҷики вилояти Қашқадарё нависанда ё шоирае нест? Фикр мекунам, шояд сабаб ҳамон хушунати оилавӣ бошад. Духтарони соҳиби лаёқати баланд, албатта, зиёданд, аммо на аз ҷониби омӯзгор ва на аз ҷониби волидайн дастгирӣ мешаванд, бо тақозои калонсолон барвақт ба шавҳар расида, орзуҳои худро дар қаъри дил гӯр мекунанд.  Ин мавзӯи ҷолибест ва таҳқиқ мехоҳад.     
– Хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё таъин шудани шумо низ таърихчае доштагист...?
– Дорад. Пас аз хатми бахши филологии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ду сол дар мактаби рақами 9-уми деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун кор кардам. Дар баробари омӯзгорӣ пайваста аз ҳаёти мардуми маҳал хабару мақола менавиштам, ки аксар дар “Овози тоҷик” нашр мешуд. Баъд, соли 1988 аз Дарбанди ноҳияи Бойсун ба шаҳри Қаршӣ арӯс шуда омадам. Ин ҷо мактаби тоҷикӣ набуд, ки кор кунам. 
Ба назди сармуҳаррири “Овози тоҷик”, шодравон устод Шавкат Ниёзов рафтам. Он кас хоҳиш намуданд, ки ду-се моҳ ба сифати мухбири ҷамоатӣ кор кунам, пас расман ҳуҷҷати мухбирии рӯзномаро месупоранд. Дере нагузашта дар рӯзнома чун хабарнигори ин вилоят номи Неъмат Эшқувватов пайдо гардид. Минбаъд яке паси дигаре соҳиби фарзанд шудам ва орзуи кор дар “Овози тоҷик” чандин сол ба ақиб афтод. Аммо навиштаҳоям мунтазам рӯйи чопро медиданд. Ҳамин тавр соли 2000-ум  маро чун хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё расман пазируфтанд, ки ин вазифаро то соли 2006 содиқона иҷро намудам. Ҳамин шаш сол дар ҳаёти ман беҳтарин дамҳо буданд. Охир, ба забони модарии худ, боз дарди ҳаммиллатонро навиштан басо хушоянд буд.
– Аз даврони кор дар “Овози тоҷик” кадом воқеа дар хотири шумо сахт нақш бастааст?

– Бо дархости банда барои “Овози тоҷик” аз Хонаи матбуоти вилоят як дафтари кор (кабинет) ҷудо карданд. Дар Қаршӣ рассоми хубе буд аз тоҷикони ноҳияи Косон Азамат ном дошт. Ҳунари волояш ҳамаро ҳайратзада мекард. Пешаш рафтам ва хоҳиш намудам, ки бо номи рӯзнома овезае сохта диҳад. Азамат “Овози тоҷик”-ро чунон устокорона рӯйи коғаз овардаву дар тоблуи мунаққаш ҷой дод, ки ҳар бинанда ҳавас мекард. Онро дар даромадгоҳи Хонаи матбуот насб намудем. Овезаи мо дар зебоӣ беҳамто буд. Акнун қатори номи дигар рӯзномаҳо “Овози тоҷик”-ро низ мехонданд. Ман хеле ифтихор мекардам. Як рӯз ба ҷойи кор биёям, овеза нест. Гуфтанд, ки нафаре аз ҳокимияти вилоят омадаву гуфтааст, ки «агар ҳама рӯзномаҳо ин хел номи худро овезанд, дар девори Хонаи матбуот ҷой намемонад. Барканед!» Кӯрдилон он асари санъатро бо номи “Овози тоҷик” канда ба анбор андохтаанд. Аз кирдори зимомдорони дилсиёҳ сахт хафа шуда, оби дида рехта будам. Ҳамин амали касиф чун ҷароҳати гарон ҳанӯз дар дили ман монда.... 
– Дар давоми 17 сол ягон бор ба Ватан наомадед?
– Не. Наомадаам, кӯшишҳоям беҳуда буданд. Танҳо соли 2018 ба шаҳри Душанбе рафта, азизони худро онҷо дида, андаке хумор шикастам.
– Чӣ сабаб буд, ки тарки Ватан намудед?
– Шавҳарам корманди радиои хориҷӣ буд. Ҳамон замон ба далели амният дар шаҳри Бишкек кор мекард. Дигар нахостам фарзандонам ҷудо аз падар ба воя расанд ва ҳамин зарурат маро аз пайи шавҳар бурд. Фикр мекунам, ин қарори оқилона буд. Чун имрӯз фарзандон аз меҳри падар комилан бархурдоранд, таҳсили хуб гирифтанд, забонҳои хориҷиро мукаммал андӯхтанд. 
– Аҳли хонадон ба кадом забон ҳарф мезанед?
– Албатта, ба тоҷикӣ. Танҳо ба лаҳни тоҷикони Дарбанд.
– Апаи Улдона, Соли нав ба шумо ва пайвандонатон муборак бод. Истиқболи Соли нави оянда дар Ватан насибатон бодо!
– Ташаккур. Соли навро ба шумо ва кулли мардуми шарифи тоҷик, хоса ҳайати таҳририяти “Овози тоҷик” ва дӯстон самимона табрик мегӯям. 

Мусоҳиб Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: