Тадбирҳои беҳтар намудани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд

  • Тадбирҳои беҳтар намудани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд
  • Тадбирҳои беҳтар намудани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд
  • Тадбирҳои беҳтар намудани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд

Пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои танзими муҳоҷират ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Президент Шавкат Мирзиёев тақдим карда шуданд.

Дар тамоми ҷаҳон ҳаракати қувваи корӣ раванди табиӣ ба ҳисоб меравад. Дар мамлакати мо барои муташаккилона ва бехавф ба кор ба хориҷа фиристодани шаҳрвандон тадбирҳои муайян андешида мешаванд. Оҷонсии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар ду соли охир фиристодани 70 ҳазор нафарро барои кор ба кишварҳои пешрафта ташкил кардааст.

Аммо бархе аз шаҳрвандон мустақилона ба хориҷа барои анҷом додани фаъолиятҳое мераванд, ки тахассуси махсус талаб намекунанд. Шароити кору маишат, касбу кор ва даромади онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Қаблан сарвари давлат вазифа гузошта буд, ки дастрасӣ ба бозори хориҷии меҳнатро осон намуда, ҷиҳати таъмини шуғли шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта чораҳо андеша шаванд. Дар робита ба ин, пешниҳодҳо оид ба такмили низоми муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия карда шуданд.

Тибқи ин пешниҳодҳо, Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷии назди Вазорати шуғли аҳолӣ ба як ниҳоди идоракунӣ дар шакли як ниҳоди давлатӣ табдил дода мешавад. Директори ин агентӣ ҳамзамон муовини вазири шуғл ва раиси Сандуқи дастгирии муҳоҷирони корӣ хоҳад буд.

Дар сафоратхона ва консулгариҳои кишварамон дар Бритониёи Кабир, Германия, Полша, Венгрия, Япония ҷорӣ кардани вазифаи атташе оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Арабистони Саудӣ – вазифаи намояндагии агентӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои зудтар ҳал намудани мушкилоти шаҳрвандони мо дар хориҷа дар назди сафоратхонаҳо ва вазоратҳои дахлдор марказҳои 24-соата ташкил карда мешаванд.

Мувофиқи тамоюли “Кор дар хориҷа аз маҳалла оғоз меёбад” ёварони ҳоким, пешвоёни ҷавонон  онҳоеро, ки мехоҳанд дар хориҷа кор кунанд, муайян мекунанд ва маълумоти онҳоро ба платформаи “Маҳаллаи онлайн” ворид месозанд. Номзадҳо ба озмунҳои корфармоёни хориҷӣ даъват карда мешаванд.

Дар муассисаҳои таълимии касбу ҳунар барои шаҳрвандоне, ки маҳорати касбӣ надоранд ва забон намедонанд, касб омӯзонда ва омодагии максаднок ташкил карда мешавад. Бо ин мақсад дар назди Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ маркази таълими забонҳои хориҷӣ ва омодагии мақсаднок ба кор кушода мешавад.

Шахсоне, ки мехоҳанд дар хориҷа кор кунанд, бо хароҷоти муайян дучор мешаванд. Акнун як қисми хароҷот барои раводиди корӣ, чиптаҳо, арзёбии дониши забони хориҷӣ ва тахассуси касбӣ аз ҷониби давлат ҷуброн карда мешавад. Ба шаҳрванд, ки шаҳодатномаи забони байналмилалӣ ё муодили онро гирифтааст, 50 дарсади хароҷоти омӯзиши забон ҷуброн карда мешавад.

Масъалаи мусоидат ба бо кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, аҳамияти муҳим дорад. Аз ҷумла, бар асоси таҷрибаи Сайхунобод ба онҳо барои пешбурди заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба даст овардани даромад, инчунин  оид ба фаро гирифтан бо шуғл дигар хизматрасониҳо пешниҳод карда мешаванд. Бонкҳои ба маҳаллаҳо вобасташуда дар доираи “Дастгирии беисти тиҷорати хурд” вомҳои имтиёҳнок ҷудо мекунанд.  Муассисаҳои тиббӣ муҳоҷирони бозгашта ва аъзои оилаи онҳоро ройгон аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд. Марказҳои “Инсон” ба кӯдаконе, ки волидонашон дар хориҷа кор мекунанд, кумакҳои иҷтимоӣ хоҳанд расонд.

Корхонае, ки шахсони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаро ба кор қабул мекунад, дар давоми сол ба ҳар як коркун аз фонди мададгори шуғл ҳар моҳ ба миқдори 500 ҳазор сӯм ёрдампулӣ дода мешавад. Имсол барои ин чорабиниҳо аз ҳамаи манбаъҳо 100 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

Сарвари давлат оид ба таъмини фаъолияти пурсамари ин низом, хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ супоришҳо дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: