Президентҳои Ӯзбекистон ва Эрон дурнамои рушди ҳамкориҳои амалии дуҷонибаро баррасӣ карданд

  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Эрон дурнамои рушди ҳамкориҳои амалии дуҷонибаро баррасӣ карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Эрон дурнамои рушди ҳамкориҳои амалии дуҷонибаро баррасӣ карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Эрон дурнамои рушди ҳамкориҳои амалии дуҷонибаро баррасӣ карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Эрон дурнамои рушди ҳамкориҳои амалии дуҷонибаро баррасӣ карданд

Дар қасри “Ҷумҳурӣ”-и маҷмааи Саодободи Теҳрон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ дар доираи маҳдуд баргузор гардид.

Сарвари давлати мо ба Президенти Эрон барои даъват ба Эрон ва меҳмоннавозии гарми ҳайати Ӯзбекистон изҳори сипос кард.

Дурнамои рушди ҳамкориҳои амалии дуҷониба ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ баррасӣ шуданд. Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аҳамияти хоса медиҳанд.

Президентҳо барои афзун гардондани ҳаҷми савдои тарафайн, ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика имкониятҳоро баррасӣ намуданд.

Ба истифодаи кӯтоҳтарин долонҳои нақлиётию логистикӣ, ки Осиёи Марказиро бо Эрон мепайвандад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Тадбирҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати кимиё, дорусозӣ ва технологияҳои тиббӣ, саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонии саноатӣ, мошинсозӣ, асбобсозӣ ва электротехника баррасӣ шуданд.

Дар соҳаи кишоварзӣ самтҳои ҳамкорӣ оид ба бунёди гармхонаҳо, истеҳсоли таҷҳизоти кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об, табодули таҷриба дар соҳаи боғдорӣ ва моҳипарварӣ, интихоби зироатҳои ба хушкӣ тобовар муайян карда шуданд.

Ҷонибҳо ҷонибдори худро ба рушди табодули фарҳангӣ, илмӣ ва инноватсионӣ баён карданд. Зимнан зикр гардид, ки ҳукуматҳои ду кишвар дар таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва илмӣ саҳм мегузоранд. Аҳамияти пайвастани талошҳои ҷонибҳо дар мубориза бо чолишҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кибертерроризм ва хариду фурӯши одамон таъкид гардид.

Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаро оид ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон ва мусоидат ба эҳёи иҷтимоию иқтисодии кишвари ҳамсоя идома диҳанд.

Аҳамияти ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои мухталифи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ таъкид шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: