Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳаён 30 ноябр барои ширкат дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим бо сафари корӣ ба шаҳри Дубай рафт.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, дар барномаи сафар суханронии сарвари давлатамон дар сессияи умумии ҳамоиши ҷаҳонии иқлим, инчунин як қатор мулоқоту гуфтушунидҳо бо сарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои бонуфуз пешбинӣ шудааст.