ДАР МИСР ТАРҶУМАИ РОМАНИ «ӮТГАН КУНЛАР»-И АБДУЛЛО ҚОДИРӢ БА ЗАБОНИ АРАБӢ МУАРРИФӢ ШУД

Дар сафоратхонаи Ӯзбекистон маросими муаррифии асари нависандаи бузурги ӯзбек Абдулло Қодирӣ «Ӯтган кунлар» («Рӯзҳои гузашта»), ки бори аввал ба забони арабӣ интишор гардид, ба амал омад.

Нашри роман ба забони ӯзбекӣ ба таҷлили 130-солагии Абдулло Қодирӣ бахшида шудааст. Дар рӯнамоии китоб набераи нависанда Хондамир Қодирӣ, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, раиси Ҷамъияти дӯстии Миср – Ӯзбекистон Маҳдӣ Забал, намояндагони расонаҳои ахбори ду кишвар, нависандагон ва коршиносони ӯзбекистониву мисрӣ иштирок карданд. 
Романи машҳур аз ҷониби мутарҷим Муҳаммад ал-Ҷибалӣ ба забони арабӣ баргардон шудааст. 
Сафири Ӯзбекистон Мансурбек Қиличев ба ҳозирон дар бораи арбобони машҳури адабиёти ӯзбек ва асарҳои нодири онҳо ҳарф зада, таъкид сохт, ки Абдулло Қодирӣ дар адабиёти асри XX нақши равшан гузоштааст. Қайд шуд, ки дар замони Итифоқи собиқ романи «Ӯтган кунлар» ба ягон забон, ғайр аз забони  русӣ тарҷума нашуда буд. Ҳатто тарҷумаи русии асар низ ба сензура гирифтор гардида, бо тағйирот чоп шудааст. 
Бо дастгирии сафоратхона пас аз 100 сол романи мазкур бори аввал ба хонандагони олами араб таҳти унвони «Рӯзҳои гузашта: таърихи талхи муҳаббат дар Туркистон» пешниҳод гардид. 
Таъкид шуд, ки тарҷумаи роман ба забони арабӣ имкон медиҳад халқҳои Шарқи Наздик бо маданият, таърих, анъана ва суннатҳои Ӯзбекистон васеъ шинос шаванд. 
Мутарҷими асар Муҳаммад ал-Ҷибалӣ дар суханронии худ аз тарҷумаи ин асари барои мардуми Ӯзбекистон азиз ба забони арабӣ қаноатмандӣ изҳор кард ва иброз дошт, ки саъю кӯшиши худро дар ин самт идома медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни тарҷума нусхаи аввалини асар, ки бо забони қадимаи ӯзбекӣ навишта шудааст ва тарҷумаҳои он ба забонҳои русӣ ва англисӣ истифода гардиданд. 
Дар тарҷумаи роман ба забони арабӣ Саид Маҳмуд Косонӣ, доктор Муртазо Сайдумаров, шайх Хусайнхон Яҳё Абдумаҷидов, раиси Ҷамъияти дӯстии Миср – Ӯзбекистон, профессор Маҳдӣ Забал ва тарҷумон Фирӯза Галиева, донандагони забони ӯзбекӣ Раҳма Иброҳим ва Ҳабиба Меҳмед Алӣ кумаки бемисл расониданд.
Дар муқоваи китоби чопшуда сурати нашри нахустини романи «Ӯтган кунлар» дар соли 1925 истифода гардид. 
Китоб дар муқоваи сахт бо коғази хушсифат чоп шуд. Роман, ки бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти бузургтарини минтақа «Дор-ул-маориф» чоп гардид, ба тамоми китобхона ва донишгоҳҳои бузург, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, идораҳои ҳукуматии Миср ва ҳайатҳои дипломатии дар Қоҳира номнависшуда тақсим карда мешавад. Дар кишварҳои дигари араб интишор кардани роман пешбинӣ шудааст. 
Ҳамватанони мо, ки мехоҳанд асарро ба забони арабӣ мутолиа кунанд, метавонанд ба Осорхонаи Абдулло Қодирӣ дар Тошканд ё худ Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Миср муроҷиат намоянд. 
Асар рӯзҳои наздик ба китобхона ва донишгоҳҳои бузургтарини мамлакати мо пешниҳод карда мешавад, ҳамчунин он дар платформаҳои бепули онлайн ҷогузин карда хоҳад шуд.

АИ «Дунё», 
шаҳри ҚОҲИРА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: