МАҚСАД ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ

Дар ноҳияҳои Қаршӣ, Косон ва Нишони вилояти Қашқадарё «Боғи маҳалла» бунёд гардида, интизор меравад дар тамоми шаҳру ноҳияҳои қаламрав ҳамовозӣ пайдо кунад.

Ташкил шудани «Боғи маҳалла» имкон медиҳад, ки заминҳои бекорхобида мавриди истифода қарор гиранд ва ба нафъи аҳолии ҳамон маҳал хидмат намоянд. Ин тадбир дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар амал татбиқ гардида, мақсад аз роҳандозиаш шукуфоии Ватан ва ба мавзеи сабзу хуррам мубаддал сохтани он аст. Ин дар ҳолест, ки хатари ба чӯлу биёбон мубаддал гардидани заминҳои сабз дар саросари сайёра таҳдид мекунад ва мутахассисон мегӯянд, ин гуна тадбирҳо роҳи ягонаи ҳал намудани мушкили пешомада ба ҳисоб меравад.
Бояд таъкид кард, ки як гурӯҳ намояндагони ҳукумат, раҳбарони ташкилоту идораҳо бо раҳнамоии Рустам Ғафуров – раҳбари Саридораи коҳиши камбағалӣ ва таъмини шуғли вилоят ин чорабиниро идома дода, дар деҳаи Қамашии ноҳияи Касбӣ зиёда аз 1600 бех ниҳоли дарахтони манзаравӣ ва бор-овар шинониданд.
 
 Шариф ХАЛИЛ, 
 хабарнигори 
«Овози тоҷик»
 дар вилояти Қашқадарё.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: