Президент Шавкат Мирзиёев 12 март бо муаррифии пешниҳод бино бар вусъат додани фаъолияти соҳибкорон ва ҷалби онҳо ба содирот шинос гардид.
Роҳбари давлати мо дар бораи зарурати он ҳанӯз дар машварати видеоие, ки 18 декабри соли 2023 баргузор шуда буд, изҳори назар кардааст. Баъд аз ин дар пояи таклифи соҳибкорон бо иштироки коршиносон муносибатҳои нав коркард шуданд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки соли гузашта ба корхонаҳои содиротӣ дар ҳаҷми 665 миллиард сӯм кумак расонида шудааст, ки имкон дод 3 миллиарду 200 миллион доллар содирот таъмин карда шавад. Вале дар баъзе соҳа ва минтақаҳо ин маблағ самарабахш истифода нагардид.
Дар соҳаҳои электротехника, хоҷагии қишлоқ, дорусозӣ ва ҷавоҳирот содирот ба нишондиҳандаҳои миёна ҳам нарасид. Иттиҳодияҳои соҳавӣ дастгирии 2709 содиротгарони эҳтимолиро фаро гирифта натавонистанд.
Вобаста ба ин пешбинӣ мегардад, ки масъалаҳои истеҳсолот дар вилоятҳо, минтақаҳои саноатӣ ва содиротӣ ба низоми ягона муттаҳид карда шавад. Пешниҳод шуд, ки 12 иттиҳодияи соҳавиву саноатӣ ба низоми Палатаи савдову саноат гузаронида шаванд. Аз тариқи ин масъалаҳои дастгирӣ намудани лоиҳаҳо ва содирот аз тобеияти давлат ба ташкилоти худидораи соҳибкорон гузаронида мешаванд. Дар натиҷа қабул кардани қарорҳо бинобар талабот ва пурсиши соҳибкорон, мушкилоте, ки онҳоро ба ташвиш меоваранд, сабуктар шуда, ҳамкории тарафайни байни соҳибкорон пурзӯр мегардад.
Бо дар назардошти таҷрибаи кишварҳои пешқадам ба ҷойи оҷонсӣ ва бунёдҳое, ки дар соҳа амал мекунанд, Ширкати оид ба рушди савдо ташкил карда хоҳад шуд. Он аз хориҷа дизайнерҳои соҳибтахассус, технолог ва маркетологҳоро барои таъмин кардани мувофиқати маҳсулоти ватанӣ ба талаботи байналхалқӣ ҷалб менамояд, ба содиргарон барои ба бозорҳои нав баромадан ва пешбурди бренди миллӣ дар хориҷа кумак мерасонад.
Субсидия, ҷубронпулӣ ва навъҳои дигари дастгирӣ аз ҷониби ширкати мазкур дар пояи рейтинги устувории соҳибкорӣ пешниҳод карда мешаванд.
Ҳамкории тарафайни байни Палатаи савдою саноат ва Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэкспертиза» пурзӯр карда хоҳад шуд. Дар ҳар кадом ноҳия бобати дастгирӣ намудани соҳибкорон идораҳои лоиҳавӣ ба кор мепардозанд.
Президент таъкид кард, ки рушди тиҷорат аз ҷумлаи афзалиятҳои ислоҳоти иқтисодӣ ба шумор меравад, ӯ нуқтаи назари худро бинобар вазифаҳо бобати дастгирии соҳибкорон изҳор дошт.
Муҳимияти омӯхтани зарурати вазифа ва маҳакҳои натиҷадиҳии иттиҳодияҳо, баланд бардоштани ихтисоси роҳбарон ва кормандони онҳо таъкид гардид. Зарурати ташкил кардани кор аксаран дар минтақаҳо, фаъолона ба коркарди лоиҳаҳои нав ва содирот ҷалб намудани соҳибкорон таъкид шуд.
Шахсони масъул дар бораи нақшаҳояшон бобати соли равон то 12 миллиард доллар зиёд кардани ҳаҷми содироти саноати маҳаллӣ маълумот доданд.