МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТ БА ДАСТОРХОНИ МАРДУМ

Маълум, ки соҳаи хоҷагии қишлоқ барои меҳнаткашони заршиноси воҳаи Сурхон аз манбаъҳои асосии даромад маҳсуб меёбад.

Ҳосилхезии заминҳои корам ва шароити мусоиди иқлим, илова бар ин туфайли меҳнати самараноки деҳқонони чашмикордон на танҳо ҳосили дилхоҳ ба даст меояд, балки аввалин шуда маҳсулоти хушсифату бозоргир ба дасторхони мардум ва бозори дохиливу хориҷӣ бароварда мешавад. 

Алалхусус, деҳқонони минтақа ба парвариши маҳсулоти пиёзу сабзӣ, картошка, сирпиёз, карам ва амсоли инҳо дасти тамом доранд. Дар айни ҳол бо баробари фаро расидани нафаси гарми баҳор дар ҷумҳурӣ аввалин шуда дар Сурхондарё  пиёз пухта расид.
Дар асоси дастури «Як маҳалла – як маҳсулот» хоҷагиҳои деҳқонию фермерии маҳаллаи «Истиқбол»-и ноҳияи Қумқӯрғон соли ҷорӣ ба 120 гектар майдон пиёзи навъи зудпази серҳосилро кошта, дар натиҷаи парвариши хуб дар асоси талаботи агротехникӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Ҳоло маҳсулот пухта расида, дар айни ҳол барои ҷамъоварии он қувваи корӣ сафарбар карда шудааст. Дар назар аст, ки аз ин майдон зиёда аз 3 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардида, қисми асосии он экспорт ва боқимондааш вориди бозорҳои дохилии кишварамон гардад.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: