ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ЧАРМ БА РОҲ МОНДА ШУД

Маълум, ки дар вилояти Сурхондарё соҳаи чорводорӣ хеле ривоҷ ёфтааст.

 Маҳсулоти гӯшти чорво бозори дохилӣ ва хориҷро бо маҳсулоти босифат таъмин месозад.
То имрӯз пӯсти чорвои чорводорон ё ба партовгоҳҳо партофта мешуд ва ё ҳамчун ашёи хом ба нархи арзон ба фурӯш мерафт. Акнун дар вилоят ягона корхонаи азнавкоркарди чарм дар ноҳияи Ангор бунёд ёфта, ба рушди иқтисодиёти воҳа саҳми арзандаи худро ҳамроҳ месозад.
Корхонаи мазкур бо технологияи Италия ҷиҳозонида шуда, қимати умумиаш 23 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҳоло қисми аввали корхона ба фаъолият шурӯъ намуда, он дар як сол 1,2 млн. кв. метр чарми тайёр, 450 ҳазор ҷуфт пойафзор, 250 ҳазор дона маҳсулоти аттории чармӣ ва 5 ҳазор тонна желатин истеҳсол мекунад. Корхона дорои ҳамагуна шароит буда, 210 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин шудаанд. Барои коргарон биноҳои хобгоҳ, ошхона ва маркази омӯзиши иборат аз 20 нафар низ бунёд ёфтааст. Коргарон аз шароити мусоиди барояшон муҳайёгардида хеле мамнун.
Дар корхонаи мазкур, ки аз тарафи ҶММ «Top Qualty Brand» барпо ёфтааст, 100 фоиз маҳсулоти тайёр ба Озарбойҷон, Туркия, Русия, Италия, Ҳиндустон, Португалия, Олмон барин кишварҳои дунё экспорт карда мешавад. Ҳаҷми солонаи экспорт 15 млн. доллар буда, ба буҷаи давлат 4 млрд. сӯм даромад мешавад.  

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: