Президенти Ӯзбекистон дар нишасти ғайрирасмии ИДМ иштирок кард

  • Президенти Ӯзбекистон дар нишасти ғайрирасмии ИДМ иштирок кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар нишасти ғайрирасмии ИДМ иштирок кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар нишасти ғайрирасмии ИДМ иштирок кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар нишасти ғайрирасмии ИДМ иштирок кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар нишасти ғайрирасмии ИДМ иштирок кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 декабр дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар Санкт-Петербург ширкат кард.

Дар чорабинӣ Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян иштирок доштанд.

Дар мулоқот натиҷаҳои асосии ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соли 2023 ҷамъбаст гардида, вазифаҳои афзалиятнок барои соли оянда баррасӣ гардиданд. Оид ба дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанба дар доираи ИДМ табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки дар солҳои охир мамлакати мо дар фаъолияти Иттидоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок мекунад.

Ӯзбекистон ба беш аз 20 ниҳоди ҳамкориҳои соҳавӣ ва 24 созишномаи муҳим дар самтҳо ва соҳаҳои афзалиятнок ҳамроҳ шуд.

Сандуқи лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ бо ширкатҳои кишварҳои ИДМ беш аз 30 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва қариб ҳамаи соҳаҳоро фаро мегирад.

Сарвари давлатамон зарурати куллан васъ гардондани ҳамкориҳои амалӣ ва баланд бардоштани самаранокии механизмҳои мавҷудаи институтсионалии ҳамкорӣ дар доираи ИДМ-ро махсусан қайд намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: