Дар иҷлосияи Шӯрои Тошканд масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд ва вазифаҳо барои пешомад муайян гардиданд

  • Дар иҷлосияи Шӯрои Тошканд масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд ва вазифаҳо барои пешомад муайян гардиданд
  • Дар иҷлосияи Шӯрои Тошканд масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд ва вазифаҳо барои пешомад муайян гардиданд
  • Дар иҷлосияи Шӯрои Тошканд масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд ва вазифаҳо барои пешомад муайян гардиданд
  • Дар иҷлосияи Шӯрои Тошканд масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд ва вазифаҳо барои пешомад муайян гардиданд
  • Дар иҷлосияи Шӯрои Тошканд масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд ва вазифаҳо барои пешомад муайян гардиданд
  • Дар иҷлосияи Шӯрои Тошканд масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд ва вазифаҳо барои пешомад муайян гардиданд
  • Дар иҷлосияи Шӯрои Тошканд масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд ва вазифаҳо барои пешомад муайян гардиданд
  • Дар иҷлосияи Шӯрои Тошканд масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд ва вазифаҳо барои пешомад муайян гардиданд
  • Дар иҷлосияи Шӯрои Тошканд масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд ва вазифаҳо барои пешомад муайян гардиданд

3 апрел иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Тошканд баргузор шуд.

Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

Дар оғози суханронии худ роҳбари давлат аз вохӯрияш бо ҷомеаи пойтахт изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъалаҳои рӯзмарраи кунунӣ эътибор дод. Муҳимияти кам кардани таъсири нохуши вазъи кунунии иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои шарик ба иқтисодиёти кишвари мо ва даромади аҳолӣ таъкид гардид.

– Барои он ки бино аз таъсири беруна амон монад, бояд пойдевори мустаҳкам дошта бошад. Пойдевори мамлакати мо бошад, маҳалла аст. Агар пойгоҳи иқтисодии маҳалла пурқувват бошад, агар одамон имконияти даромад кардан доштан бошанд, беҳтар зиндагӣ кунанд, фарзандони худро бо таълим таъмин намуда, ба фардо эътимод дошта бошанд, он вақт эътидол ва пешрафт ба даст меояд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба ин маънӣ мушкилоте, ки дар фаъолияти шахсони масъул ҳастанд, имкониятҳои истифоданашуда дар ноҳияҳо зикр гардиданд. Чунончи, дар шаҳри Тошканд бисёр сармоягузорон ва соҳибкороне ҳастанд, ки мехоҳанд лоиҳаи худро татбиқ намоянд, вале замин кам аст. Барои онҳо фароҳам овардани шароит аз тариқи қайди заминҳои истифоданашуда, ба савдои музояда гузошта шудани  979 қитъа ва 175 гектар замин, ки аз табақаи кишоварзӣ ба табақаи минтақаҳои саноатӣ ва истиқоматӣ гузаронда шудаанд, имконпазир аст.

Дар ноҳияи Янгиҳаёт минтақаи махсуси саноатии «Янги авлод» дар майдони 764 гектар ташкил карда мешавад. Соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷӣ барои татбиқ намудани лоиҳаҳо дар ҳаҷми 2,5 миллиард доллар рағбат зоҳир карданд. Ин имкон медиҳад даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ташкил гарданд.

Бо кор таъмин сохтани 80 ҳазор шаҳрвандони аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол тақозо мегардад. Баробари ин 98 ҳазор ҷойҳои корӣ дар корхонаҳо ва дар ташкилоти пойтахт мавҷуд мебошад.

Дар таъмин намудани амнияти ҷамъиятӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ муносибати нав зарур мебошад.

Барои он ки сифати ҳаёти сокинони Тошканд беҳтар шавад, бояд корҳои зиёде иҷро гарданд. Бинобар ҳамин ҳам дар иҷлосия масъалаи ташкилӣ муҳокима карда шуд. Роҳбари давлат ба вазифаи ҳокими шаҳри Тошканд номзадии Шавкат Умурзоқовро, ки вазифаи ҳокимро иҷро мекард, пешбарӣ намуд.

Ш. Умурзоқов, ки соли 1979 дар Тошканд таваллуд шудааст, солҳои зиёд дар низоми прокуратура кор кард. Аз соли 2018 то соли 2023 раиси раёсати ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзавтосаноат» буд. Аз соли гузашта вазифаи ҳокими шаҳри Тошкандро иҷро мекунад. Депутатҳои Шӯрои маҳаллӣ имкон доштанд тӯли як сол ба кори ӯ баҳо диҳанд.

Депутатҳои халқӣ ва намояндагони ҷомеаҳо фикру ақидаи худро дар бораи номзад изҳор доштанд. Бинобар натиҷаи овоздиҳӣ Шавкат Умурзоқов ба вазифаи ҳокими шаҳри Тошканд тасдиқ гардид.

Президент таъкид кард, ки дар Тошканд барои муваффақ шудан ба натиҷаҳо имконият ва захираҳои зарурӣ мавҷуданд, вале барои ин бояд ҳокимони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони маҷмӯи иқтисодӣ фаъолтар бошанд ва барои ба даст овардани натиҷаи баланд кор кунанд.

Дар иҷлосия имкониятҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр дар мисоли ноҳияи Юнусобод таҳлил карда шуданд.

Тӯли ҳафт соли охир дар ноҳия 1,7 миллиард доллар сармояҳои хориҷа гузошта шуданд, ки имкон дод миқдори корхонаҳо, иншооти тиҷоративу хидматӣ то 3,5 ҳазор адад зиёд шаванд ва 20 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оянд. Барои 6 ҳазор оила хонаҳои нави истиқоматӣ бунёд гардиданд, мактабҳо барои 8 ҳазор хонанда сохта, 3 муассисаи олии таълимӣ кушода шуданд.

Бинобар масоҳаташ Юнусобод дар Тошканд ҷойи аввал ва бобати аҳолӣ мавқеи дуюмро ишғол мекунад, дар ноҳия 376 ҳазор нафар аҳолӣ дар 64 маҳалла зисту зиндагӣ доранд.

Ноҳия бинобар ҳаҷми даромади андоз пешқадам мебошад, ҳарчанд ин нишондиҳанда ба сари ҳар нафар чандон баланд нест. Ҳиссаи ноҳия дар саноати пойтахт дар ҷойи охир қарор дорад.

Бо дар назардошти ин барои баланд бардоштани даромади аҳолӣ имкониятҳои истифоданашуда мушаххас карда шуданд.

Аз ҷумла, 9 бахши бонкҳои ноҳияи Юнусобод дар байни миpоҷони бузург ва 64 маҳалла ҳамчун «пул» хидмат мекунанд. Баробари афзудани даромади оилаҳо талабот ба маҳсулоти соҳибкороне, ки мизоҷони бонкҳо мебошанд, меафзоянд. Ин ҳам ба соҳибкорон ва ҳам ба бонкҳо фоида меоварад.

Минбаъд бояд бонкҳо барои зиёд кардани даромади аҳолӣ ва рушди муттасили иқтисодиёти ноҳия фаъолона дахл кунанд. Барои мизоҷоне, ки ҷойҳои корӣ ташкил мекунанд, фоизи ставка оид ба вом кам карда мешавад.

Ёварони ҳоким мувофиқи талаботи соҳибкорӣ ба бекорон таълим медиҳанд.

Ба шахсони масъул супурда шуд, ки «Таҷрибаи Юнусобод» барои дастгирии соҳибкорон ва баланд бардоштани некуҳолии аҳолӣ созмон дода шавад.

Ба шарофати мавқеи қулаи худ Юнусобод барои тиҷорат бисёр «нуқтаҳои рушд» дорад. Ба мақсади ҷалб намудани сармояҳои нав метавон лоиҳаҳоро дар соҳаҳои савдо, хидматрасонӣ ва хӯроки умумӣ дар пойгоҳи иншооти куҳна ё худ биноҳои ташкилоти давлатӣ татбиқ намуд, ки имкон медиҳанд 7 ҳазор ҷойҳои нави кори даромадашон баланд фароҳам оварда шаванд.

Дар шароити маҳдуд будани замин бояд аз ҳисоби вусъат додани инфрасохтори амудӣ саноат ва тиҷорат инкишоф дода шаванд. Аз ҷумла, барои вусъат додани бозорҳои деҳқонӣ аз тариқи зиёд кардани ошёнаҳои онҳо имконият мавҷуд аст. Бозсозии биноҳо дар минтақаи хурди саноатӣ то ба се-чор ошёна имкон медиҳад барилова 200 ҳазор метри мураббаъ масоҳат фароҳам ояд.

Дар соҳаи хидматрасонии иҷтимоӣ бо зиёд кардани миқдори лоиҳаҳои шарикии давлатию хусусӣ метавон ҳазорҳо ҷойҳои корӣ ташкил кард. Чунончӣ, сохтмони бинои нав барои беморхонаи шаҳрии рақами 7 имкон медиҳад ҳудуди холишуда барои сохтмони клиникаи бисёрҷанбаи дорои 420 ҷой бо иштироки сармоягузорони кӯриёӣ истифода бурда шавад.

Бинобар натиҷаи тадқиқот дар ноҳияи Юнусобод имконияти ҷалб намудани 600 миллион доллар сармоя ва фароҳам овардани 35 ҳазор ҷойҳои сердаромади корӣ муайян карда шуданд.

Ба ҳукумат супурда шуд, ки тамоми ноҳияҳоро омӯзад ва дар шаҳри Тошканд 250 ҳазор ҷойҳои сердаромади корӣ ташкил кунад, 2 миллиард доллар сармоя ҷалб намояд.

Бобати дар пойтахт ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами байналхалқии саноатӣ, инфрасохторӣ, соҳибкорӣ ва хидматрасонии коммуналӣ вазифаҳо гузошта шуданд.

Ба масъалаҳои ободонии маҳаллаҳо эътибори махсус дода шуд. Муҳим аст, ки кор бинобар кабудизоркунии кӯча ва ҳавлиҳо, тоза нигоҳ доштани ҳудудҳо бо роҳбарии раисони маҳаллаҳо ва куҳансолон дар рӯҳи анъанаҳои миллӣ фаъолтар шаванд.

Барои рағбатноксозии корҳои мазкур роҳбари давлат пешниҳод намуд, ки озмун ташкил гардад ва бинобар ҷамъбасти сол маҳаллаи намунавитарин бо электромобил мукофотонида шавад. Ин пешниҳод гарму ҷӯшон дастгирӣ карда шуд.

Дар анҷоми иҷлосия Президент бо депутатҳои халқӣ, раисони маҳаллаҳо, зиёиён ва ҷавонон суҳбат кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: