Қонеъ намудани дархости мардум – муҳимтарин вазифаи ҳар як роҳбар

  • Қонеъ намудани дархости мардум – муҳимтарин вазифаи ҳар як роҳбар
  • Қонеъ намудани дархости мардум – муҳимтарин вазифаи ҳар як роҳбар
  • Қонеъ намудани дархости мардум – муҳимтарин вазифаи ҳар як роҳбар
  • Қонеъ намудани дархости мардум – муҳимтарин вазифаи ҳар як роҳбар

Президент Шавкат Мирзиёев 26 июл доир ба муҳокимаи пешниҳодоте, ки барои беҳтар намудани ҳаёти аҳолӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии соҳибкорон нигаронда шудааст, ҷамъомад баргузор намуд.

Дар солҳои охир дар тамоми соҳаҳо ва самтҳо ислоҳоти куллӣ ба амал татбиқ гардид. Стратегияи тараққиёт дебочаи марҳилаи нави ислоҳот дар мамлакат гардид. Мақсади аввалини он сохтмони давлати инсонпарвар бо роҳи баланд бардоштани қадр ва шарафи инсон ва инкишофи минбаъдаи ҷамъияти озоди шаҳрвандӣ муайян карда шудааст.

Тамоми бозсозие, ки дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба амал татбиқ мегардад, ба таъмини манфиатҳои инсон нигаронда шудааст. Аз он ҷумла, маҳсулоти нохолиси дохилӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 5,4 фоиз афзуд. Суръати инкишофи саноат, сохтмон, савдо ва хидматрасонӣ дар ҳаёти аҳолӣ таъсири мусбӣ мегузорад.

Ҳамзамон дар асоси омӯзиши муроҷиатҳо дар Қабулхонаҳои халқӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо роҳи пурсишҳо дар соҳаҳо ва минтақаҳо мушкилот муайян карда шуда, пешниҳодоти аҳолӣ ҷамъоварӣ мегардад. Дар асоси онҳо қарорҳое қабул мегарданд, ки ба фараҳмандии одамон хидмат мекунанд.

Аз он ҷумла, тартиби литсензия ва иҷозат дар соҳаи соҳибкорӣ сода карда шуда, муддати расмӣ кардани он кӯтоҳ карда шудааст. Аз аввали сол беш аз 50 ҳазор воҳиди нави соҳибкорӣ ташкил карда шуд. 28 фоизи иморатҳое, ки аҳолӣ харид намудааст, аз ҳисоби кредити ипотека таъмини молиявӣ гаштааст. Дар бораи аз 1 сентябр пардохтани кумакпулӣ барои ҳомила ва таваллуд дар ҳаҷми 2 миллион сӯм аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба заноне, ки дар сектори хусусӣ кор мекунанд, қарор қабул карда шуд.

Дар ҷамъомад масъалаҳое, ки мардум ва аҳли тиҷоратро нигарон намудааст, инчунин пешниҳодот ва ташаббусҳои онҳо аз ҳар ҷиҳат таҳлил гардиданд. Ба шахсони масъул барои қонеъ намудани пешниҳодоти асоснок, зиёд намудани қулаиҳои мардум супоришҳо дода шуд.

Президент таъкид кард, ки қонеъ намудани дархости мардум, ба вуҷуд овардани тамоми шароит барои рушди соҳибкорӣ барои тамоми роҳбарон вазифаи аввалдараҷа бояд бошад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: