ДАР ҚАШҚАДАРЁ БОЗ ЯК ФАБРИКАИ БОФАНДАГӢ БА КОР САР КАРД

  • ДАР ҚАШҚАДАРЁ БОЗ ЯК ФАБРИКАИ БОФАНДАГӢ БА КОР САР КАРД
  • ДАР ҚАШҚАДАРЁ БОЗ ЯК ФАБРИКАИ БОФАНДАГӢ БА КОР САР КАРД

Ислоҳоти оид ба рушди минбаъдаи саноати сабук, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, фароҳам овардани муҳити хуби корӣ барои соҳибкорон, ки дар кишвари мо татбиқ мешаванд, натиҷаҳои мусбат медиҳанд.

Аз ҷумла, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Rus-Dost tekctil» дар ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарё лоиҳаи навбатиро бобати истеҳсоли матоъҳои тайёр татбиқ менамояд, ки арзишаш 6 миллиону 800 ҳазор евро мебошад.
– Мо аз имтиёзҳое, ки соли 2022-юм бо ташаббуси роҳбари давлат барои соҳибкорон пешниҳод шуда буданд, истифода бурда, аз бонк дар ҳаҷми 4 миллиону 400 ҳазор евро вом гирифтем ва аз Белгия дастгоҳҳои бофандагӣ овардем, – мегӯяд коргузори корхона Фахриддин Азизов. – Моҳи октябри соли сипаришуда фабрика ба истифода супурда шуд. Иқтидори солонаи истеҳсолот 8 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад, 80 фоизи маҳсулоти истеҳсолшуда ба содирот меравад, 20 фоизи он дар бозорҳои дохилӣ фурӯхта мешаванд. Бо Туркия ва Русия муоҳидаҳои содиротӣ ба имзо расиданд.
Арзиши умумии лоиҳа 6 миллиону 800 ҳазор евро аст, аз он 4 миллиону 400 ҳазораш воми бонк, 2 миллиону 400 ҳазор еврои дигар маблағи ташаббускорон мебошад. Дар корхона 14 навъи матоъ (сатин, габардин, паплин ва ғай-ра, ки аз пахтаи вилоят истеҳсол шудаанд), ки ба меъёрҳои аврупоӣ мувофиқат мекунанд, яъне барашон 220 ва 280 сантиметр аст, истеҳсол мешаванд.
– Алҳол иқтидори истеҳсоли шабонарӯзии корхона 16 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, – мегӯяд Ф.Азизов. – Ҳарчанд мо корро ба қарибӣ оғоз намудем, иқтидори  истеҳсолии мо, аллакай 60-65 фоизро ташкил медиҳад, аз ибтидои соли нав бошад, пешбинӣ мегардад, ки ин нишондиҳанда ба 80-85 фоиз расонида шавад. Соли равон ба кор гузоштани давраи дуюми лоиҳаи фабрикаи бофандагӣ барои 100 ҷойи кор пешбинӣ гардидааст, ки дар он матоъҳои истеҳсолшуда ранг дода мешаванд, ҳамчунин сару либос истеҳсол карда хоҳад шуд.
Дар натиҷаи ба ҳаёт татбиқ сохтани ин лоиҳаи пешомаднок шаҳрвандони маҳаллӣ, ки ба дафтарҳои «оҳанин», «занон» ва «ҷавонон» ворид шудаанд, бо кор таъмин мегарданд.
– Ман то имрӯз бекор будам, – мегӯяд Дилноза Хуррамоваи яккабоғӣ. – Ба кор оғоз намудани фабрикаи бофандагӣ барои чун ман занони бекор хеле хуб шуд. Фабрика аз манзили мо дур нест. Барои коргарон тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд, маош сари вақт дода мешавад. Ман хеле хурсандам, ки ба буҷаи оила саҳми худро мегузорам.
Кушода шудани чунин корхонаҳои бузург, нафақат аҳолии бекорро бо шуғл таъмин мекунад, балки боз барои коркарди амиқи пахтае, ки дар кишварамон парвариш карда мешавад, имконият фароҳам меоварад, иқтидори содиротии мамлакатро баланд мебардорад.

Ӯлмас БАРОТОВ,
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: 
Ҷ. НОРҚОБИЛОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: