Сенати Олий Маҷлис бо депутатҳои халқии шӯроҳои маҳаллӣ мунтазам машваратҳои таълимӣ, вохӯриҳо ташкил намуда, дар онҳо ҳисоботи корҳои татбиқшуда, ҳамчунин вазифаҳои ояндаро баррасӣ мекунад.
Вохӯрии навбатӣ бо иштироки сенаторон, раисони комиссияҳои доимии шӯроҳои маҳаллӣ ва мудирони котибият баргузор шуд.
Дар мулоқоте, ки ба тарзи онлайн гузашт, Раиси Сенат Танзила Норбоева ба масъалаҳои таъмин сохтани устувории қонун дар маҳалҳо, қабул намудани қарорҳои муҳим вобаста ба манфиати ҳудудҳо, истифодаи самарабахш аз воситаҳои назорати махсус таваққуф намуд.
Қайд шуд, ки бояд чораҳои назоративу таҳлилӣ аз ҷониби шӯроҳои маҳаллӣ пурқувват карда шаванд, онҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо, беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллаҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Дар ин бобат депутатҳо бояд барои ҳаллу фасли муаммоҳои аҳолӣ дар маҳалҳо ташаббус нишон диҳанд, кушодани чигили мушкилотро дар қарорҳое, ки қабул мешаванд, инъикос намуда, бинобар иҷрои онҳо назорати қатъии депутатиро амалӣ созанд.
Таъмин сохтани иҷрои масъалаҳое, ки бобати ба «овоз»-и воқеии халқ табдил додани Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» андешида шудаанд, ҳамчунин вазифаҳое, ки ба зинаи нав бардоштани фаъолияти онҳоро дар назар доранд, муҳокима гардиданд.
Барои ба низом андохтани ҳуҷҷатҳои қонунгузории оид ба фаъолияти мақомоти ваколатдори маҳаллӣ, бекор кардани вазифаҳое, ки хоси шӯроҳои маҳаллӣ нестанд, масоили рақамикунонии фаъолият вазифаҳои дақиқ муайян карда шуданд.
Бояд зикр кард, ки 22 сентябри соли равон оид ба мувофиқи талаби замон ба роҳ мондани фаъолияти шӯроҳои маҳаллӣ ва ҳамаҷониба дастгирӣ намудани фаъолияти онҳо дар Сенати Олий Маҷлис Маркази омӯзиши мақомоти ваколатдори ҳудудӣ ташкил карда шуд.
Таъкид гардид, ки маркази мазкур аз тариқи ба шӯроҳои маҳаллӣ кумакҳои ҳуқуқӣ, услубӣ, ахбориву таҳлилӣ расондан барои беҳтар шудани самаранокии фаъолияти онҳо хидмат мекунад.
Дар ин бобат вазифаҳои асосие, ки барои фаъолияти самарабахши марказ бо шӯроҳои маҳаллӣ заруранд, муайян карда шуданд.
Дар чорабинӣ депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ низ доир ба мулоқоти мунтазам бо аҳолӣ, нақш ва вазифаҳои мақомоти ваколатдор бинобар дар маҳалҳо бо муваффақият таъмин сохтани онҳо фикру мулоҳизаҳои худро изҳор карданд.
Норгул АБДУРАИМОВА, хабарнигори ӮзА.