ХУДШИНОСУ ХУДОГОҲ БОЯД БУД!

Ҳоло дар кишвар рӯшодгӯию ошкорбаёнӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Ҳоло дар кишвар рӯшодгӯию ошкорбаёнӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафараш ба Туркия гуфта буд: “Ӯзбекистон алҳол мисли пештара нест”. Оре, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ  ислоҳоти   ояндасоз  идома доранд. Дар алоқамандӣ ба ин раванди ояндасоз тафаккур ва мафкура, ҷаҳонбинӣ ва худшиносию озодандешии мардум низ ташаккул ва равнақ меёбад. 
Президент Шавкат Мирзиёев мардуми Туркияро бо ифтитоҳи китобхонаи нав табрик намуда, гуфта буд: “Ҳар як давлат ва миллат дар ҷаҳон, пеш аз ҳама, бо нерӯи зеҳнии худ, маънавияти баландаш тавоност. Манбаи ин қудрати мағлубнопазир китоб – бузургтарин кашфиёти инсоният ва китобхонаҳо мебошанд”.
Мушкилоти китобхониву китобдорӣ, нарасидани китобҳои илмию бадеӣ ба забони модарӣ дар муассисаҳои олӣ ва таълими миёна дастбакорони соҳаро ба ташвиш овардааст, яъне аз хоб бедор кардааст.”Мутолиа хуб. Агар китоб набошад-чӣ?” ном мулоҳизаҳои Фирӯз Мирзоҷонов  (“Овози тоҷик”, №18, 26. 02. с. 2020) ва “Тарбияи истеъдодҳои ҷавон – талаби давр”-и Мирзораҳим Мирзоазизов («Овози тоҷик», №19, 29.02.с.2020) ҳар як шахсро ба андеша кардан водор месозанд. Агар дар мақолаи аввал аз набудани китобҳои илмию бадеӣ ба забони тоҷикӣ сухан рафта бошад, дар мақолаи дуюм ду муаммо: набудани китобҳои бадеӣ ва дархости имтиёзҳо барои хонандагони мактабҳои ғайриӯзбекӣ дар имтиҳоноти дохилшавӣ ба таълимгоҳҳои олӣ бардошта шудаанд. 
Имрӯз дар ҳамаи нашриётҳои Ӯзбекистон  ба бисёр забонҳо, аз он ҷумла ба забони тоҷикӣ, асарҳо табъу нашр мешавад. Чанде пеш дар нашрияи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию адабии “Ховар” хондам, ки “Ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон 6 нафар аъзои Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, тақрибан 10 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, беш аз 400 нафар адиби тоҷикзабон дорем”. 
Дар кишвар ҳавзаҳои адабӣ ташаккул ёфтаанд. Китобҳои зиёди бадеӣ – назмию  насрӣ, илмӣ, илмию оммавӣ рӯйи чопро дидаанд. Адибон ва олимони шинохта чун Паймон, Абдулло Субҳон, Ҷаъфари Муҳаммад, Муҳаммад Шодӣ, Бекназар Тӯйназар, Аслиддин Қамарзода, Садрӣ Саъдиев,Ҷумъа Ҳамроҳ ва даҳҳо нафари дигар аллакай хонандаи худро доранд... 
Бояд таъкид сохт, имрӯз дар Ӯзбекистон ҳавзаҳои адабии Тошканд (аз ҳисоби  адибону олимони вилоят ва саросари ҷумҳурӣ) ва Сурхондарёю Самарқанду Фарғона ташаккул ёфтаанд. Мавриди таъкид аст, ки дар ватани мо мактаби тарҷумонӣ низ шакл гирифтааст. Аммо дар бораи ҳавзаи Бухоро, ки аз Рӯдакию Сино то  Айниву Пайрав Сулаймонӣ садҳо  адибу олимонро дода буд, имрӯз ин суханҳоро гуфтан мушкил аст. Дар 20-25 соли охир аз вилояти Бухоро номи адиби наверо нашунидаем, ки дар вилоят чун Ҳадя ва Асад Гулов, Амрулло Авезов аробаи таърихи беш  аз дуҳазорсолаи тамаддун ва “забони бухороӣ”-ро пеш кашад.
Инсон барои ба мақсад расидан бояд саъйу талош кунад. Саъйю  талош  барои  дархосту пешниҳоди созандаву  бунёдкор, баҳри пешрафти ҷомеаву   кишвар, ташаккул додани маърифат ҳаргиз  ҳаракати ифроткорӣ ва ё ҷинояткорӣ нест. Он ҳама ба ташаккули мафкураву маърифати ҷавонон   кӯмак мекунаду халос. Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ аз ҷониби Шуъбаи таълими халқи ноҳия дастрас шудани  13 номгӯй китобҳои бадеӣ ба теъдоди  қариб 1600  адад натиҷаи судманди дархосту  даву този  маъмурияти  мактабҳои  тоҷикии ноҳия буд. Вале тааҷҷубовар аст, ҳар як номгӯйи  китоб ба теъдоди 161 нусха чоп шудааст!  Ҳол он ки ҳар як номгӯйи китобҳои таълимӣ  барои хонандагони  синфи 10-уми мактабҳои тоҷикӣ  дар соли 2017-ум  7648 адад чоп шуда буд! Ба замми ин зиёданд муассисаҳои таълимии томактабӣ ва дӯстдорони адабиёт.  Онҳо  низ бояд  шеър аз ёд кунанд, афсонаву ҳикоя, қиссаву романҳоро ба забони модарии худ  хонанд. Онҳо китобро аз куҷо мегиранд? Масоили китобдориву китобхонӣ дар Ӯзбекистон ба сиёсати давлатӣ мубаддал  гардидааст. Китобро дӯсти  ғамхор, ҳамроҳи  вафодор ва ба ин хотир нодиртарин офаридаи инсоният медонанд. Муҳимтарин манбаи ташаккул ва равнақи дониш, тафаккур ва маърифат, худшиносиву худогоҳӣ ва озодандешии инсон китоб ва расонаҳои ахбори оммавӣ мебошанд.         
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст. 
Чӣ пандест мондагор. Таърих аст гузашти рӯзгор. Таърихи ниёкон, таърихи бобоёну падарон сабақ аст моро. Гузашти зиндагии мо, гузашти рӯзгори мо, таърихи  мо сабақест пасомадонро. Таърих омӯзгор аст, хотираи таърихии моро сайқал медиҳад, рушду ривоҷ мебахшад. Бе хотираи таърихӣ ояндаи дурахшонро бунёд кардан, ворисони сазовор ва арзандаи аҷдодро тарбия намудан мушкил аст. Сарчашмаи рушду ривоҷи хотираи таърихӣ низ китоб аст.
Аввали солҳои 70-уми  асри гузашта 12-13 сола будам. Назди падарам пирони деҳа, мӯйсафедон аз деҳоти  ҳамсоя,  гоҳ-гоҳ меҳмонон аз шаҳри Каттақӯрғону вилояти  Сирдарё меомаданд. Меҳру оқибат пойдор буд  он солҳо. Бародаронам, ки дар кор буданд, ман хидмат менамудам ва аз суҳбати онҳо баҳравар мешудам. Касеро бадному сарзаниш намекарданд  онҳо. Бештар аз рӯзгори гузаштагон ёдовар мешуданд. Чистонҳои зиёд аз ёд медонистанд. Борҳо чистонборонам кардаанд. Бобои Тангриқули сирдарёӣ  аз ҳама фаъол буданд. Бобои Алим аз ғазалиёти Ҳофиз қироат менамуданд...
Ҳамон солҳо борҳо дар суҳбати бародарам Субҳон бо ҳамсинфони собиқашон – устодон  Абдуназари Набӣ ва Малики Раҳим, усто  Сайид Зарифӣ, Расули Мавлон ва дигарон шоҳид будам. Суҳбати онҳо низ мавзӯи рангин дошт. Одатан лаҷоми суҳбат дар дасти устодони сухандон  Абдуназари Набӣ ва Малики Раҳим буд. Маро бештар ҳаҷвиягӯйиву шеър аз ёд донистани Сайид Зарифӣ дар ҳайрат мегузошт. Борҳо  баҳсҳои онҳоро оид ба асари ягон адиб шоҳид шудаам. Имрӯз тааҷҷубам меояд, ронандаву усто бо ҳам назди омӯзгорон доир ба ғоя ва қаҳрамонҳои кадом як роман ва ё қиссае баҳс мекунанд... Он солҳо тақрибан ҳар як хонадон ба маҷаллаҳои “Садои шарқ” ва ё рӯзномаи “Овози тоҷик” обуна буд. Он маҷаллаҳои адабию бадеиро аксарияти мардум бо мароқ мехонданд. Дар хонаҳо китобҳои бадеӣ буд. Хонандагон табодули китоб мекарданд. Ин раванд охири солҳои 80  ва аввали солҳои 90- ум ҳам тобиши нав пайдо кард. Баъзе оилаҳо баробари  “Овози тоҷик”, ба ҳамаи он рӯзномаю журналҳои Тоҷикистони ҳамсоя обуна шуда, онҳоро мехонданд. Ба вазъи адабиёти илмию адабии ҳамзабонон ошно буданд. Он вақт шуъбаҳои алоқа беҳтар кор мекарданд. Ин масъаларо нисбати расонидани китобҳои бадеӣ не, аз дастрас намудани матбуоти даврӣ ёдрас намудам. Имрӯз, баъзан шумораҳои навбатии “Овози тоҷик”-ро то 2-3 ҳафта интизорӣ мекашем. Пас  китобҳои бадеиро чӣ гуна бояд дастрас намуд? 
Таклиф ва пешниҳоде доштам. Дар  назди  Маркази таълими ҷумҳурӣ шуъбаи Маркази таълими забон ва адабиёти тоҷик фаъолият дорад, ки миқдори хонандагони мактабҳои тоҷикии кишварро дақиқ медонад. Он бояд теъдоди нашри китобҳои таълимӣ  ба забони тоҷикиро  муайян кунад. Як таъкидро зарур медонам: дар интихоби китобҳои бадеӣ  набояд ба иштибоҳ роҳ дода шавад, зеро на ҳамаи китобҳо дар як сатҳ мебошанд. Бояд ба нашр ва сифати китобҳои тарбиягирандагони таълимгоҳҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ зътибори бештар дод.
Аз набудану нарасидани китобҳои бадеӣ нолидан бас ас т, бояд тарки “хоби гарон” кард ва бо замон ҳамнафас буд. Зеро, тавре ки фармудаанд: кӯдак нагиряд, модар шир намедиҳад.

Тангир РАҲМОНОВ,
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нурато.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: