БЕҲТАРИН ОМӮЗГОРИ СОЛ МУАЙЯН ГАРДИД

Забон таҷассумгари таъриху фарҳанги миллат аст.

Дар баробари ин, он омили рушди ҷомеа, худшиносии миллӣ ва яке аз нишонаҳои соҳибихтиёрии давлат мебошад. Ба ин маънӣ, имрӯз дар кишвари мо сию чорумин солгарди қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» ва «Иди забони ӯзбекӣ» васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Бо ин муносибат дар ҳамкорӣ бо Департаменти рушди забони давлатии Девони Вазирон ва Федератсияи иттифоқҳои касаба, Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ маросими мукофотсупорӣ ба ғолибони озмуни «Беҳтарин омӯзгори забони ӯзбекӣ» баргузор гардид. 
Дар маросим мудири шуъбаи рушди забони давлатӣ Нодир Ҷонузоқ, масъулони вазорат ва омӯзгорони аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар пойтахт ширкат варзиданд. 
Хурсандиовар аст, ки Гулрух Тошбоева – муаллимаи забони ӯзбекии мактаби тахассусии ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон ба унвони «Беҳтарин муаллимаи забони ӯзбекии сол» сазовор гардида, бо дипломи дараҷаи I ва мукофоти асосӣ – 25 миллион сӯм сарфароз гардид. Унвони мазкур барои фаъолияти сермаҳсул дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва барои ноил гардидани дастовардҳои назарраси таълимию тарбиявӣ дода шуд.
– Чун намоянда аз вилояти Намангон дар ин озмун ширкат варзидам. Озмун аз рӯйи ду самт – навиштани эссе ва маҳорати дарсдиҳӣ хеле шаффоф ва одилона гузашт, – мегӯяд Г. Тошбоева.  
Гулрух соли 2022 ба мактаби махсуси назди муассисаҳои таълими Президентии ноҳияи Косонсой дар асоси имтиҳон қабул гардид
Ӯ ҳамчун педагоги пешқадам таҷрибаи чандинсола дошта, бо истифода аз технологияҳои таълимӣ барои ба камол расидани насли наврас фаъолияти пурсамар мебарад. Ба сертификати миллии забон ва адабиёти ӯзбек соҳиб аст.    
Омӯзгор дар зинаи ҷумҳуриявии озмуни «Нутқимизда сӯзлар ҷилоси» ҷойи якумро ишғол намуда, сазовори унвони «Аълочии маорифи халқ» гардидааст. Ӯ дар натиҷаи моҳирона истифода бурдани усулҳои нави замонавӣ дар асоси ғояҳои эҷодие, ки дар рафти дарс ба вуҷуд овардааст, ба баланд шудани самараи таълим дар хонандагон ноил мегардад.
Шогирдони Тошбоева дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва озмунҳои иншонависӣ ҷойҳои фахрнокро ишғол намудаанд, ки ин самараи меҳнати пурмашаққати муаллимаи эҷодкор мебошад.
Дар мактаб бо мақсади баланд бардоштани самаранокии машғулиятҳои тарбиявӣ ва пурмазмун ташкил намудани вақти холии хонандагон маҳфилҳои «Эҷодкорони ҷавон» ва «Актёрони театр»-ро ба роҳ мондааст.
Имрӯзҳо шогирдонаш дар соҳаҳои гуногуни кишварамон фаъолият мебарад. Ҳар сол 60-70 нафар аз хонандагонаш сазовори номи донишҷӯи мактабҳои олиро мегирад. Соли ҷорӣ хонандаи ӯ Мадина Абдурасулова бо холи баландтарин – 187,9 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ба номи Алишери Навоӣ гардид.
Гулрух ҳамчун роҳбари Иттиҳодияи методии омӯзгорони забон ва адабиёт дар такмили ихтисоси педагогҳои ҷавон саҳми арзанда дорад.
Дар воситаҳои ахбори оммавӣ, мақолаҳои публисистӣ ва ҳикояҳояш ба табъ расидааст.

Махфират МАМАҶОНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: