РАМЗИ ТАФАККУРИ СИЁСИВУ ҲУҚУҚИИ ХАЛҚ

Тамоюли нави «Барои қадри инсон», ки дар мамлакати мо мустақимона татбиқ мегардад, шаҳодати бағоят халқпарвар ва ҳаётӣ будани Сарқонуни мост.

Тамоюли нави «Барои қадри инсон», ки дар мамлакати мо мустақимона татбиқ мегардад, шаҳодати бағоят халқпарвар ва ҳаётӣ будани Сарқонуни мост. Иҷрои бечунучарои талаботи Сарқонун ва қонунҳоямон, ки кафили Қонуни Асосӣ мебошанд, аз ҷониби халқамон бо мамнуният дастгирӣ карда мешаванд.
Ҳангоме ки қадри инсон мегӯем, таъмин сохтани ҳаёти орому осудаи ҳар як шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои он, фароҳам овардани шароити муносиби ҳаёт ва инфрасохтори замонавӣ, хидматрасонии  мукаммали тиббӣ, таълими босифат, низоми ҳифзи иҷтимоӣ, муҳити солими экологӣ дар назар дошта мешаванд.
Дар моддаи 14-уми Сарқонун сабт гардидааст, ки давлат фаъолияти худро бо назардошти фаровонҳолии инсон ва ҷамъият, дар пояи равандҳои қонунии адолати иҷтимоӣ ба роҳ мемонад, ин ҷиҳат табиист, ки дар қалби ҳар як шаҳрванди дар мамлакат зисту зиндагидошта эҳсоси ифтихор ва ғурурро  бедор мекунад. Зеро баробарӣ, сулҳу салоҳ ва фаровонҳолӣ аз шартҳои муҳиме мебошанд, ки орзуву омоли халқ ва муҳаббату садоқати ӯро ба ҳаёт муайян мекунанд.
Дар Қонуни Асосии мо баробари зикри соҳиби ҳуқуқ ва озодиҳои ягона будани тамоми шаҳрвандон дар Ӯзбекистон таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар қаламрави он ва хориҷи вай мушаххас гардидааст. 
Дар он ҳаракати озоди шаҳрвандон дар дохили Ватан, ҳуқуқи дар ҷойи дилхоҳ зиндагӣ кардани онҳо низ кафолат дода шудааст, мушаххас гардидани озодӣ ва дахлнопазирии ҳуқуқи шахсии ҳар як шаҳрванд низ аз тамоюлҳои халқпарварона ва инсондӯстонаи Сарқонуни мост.
Дар моддаи 16-уми  Қонуни Асосӣ бошад, таъкид мегардад: «Ягон қоидаи ин Сарқонун набояд бар зарари ҳуқуқ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон талқин карда шавад. Ягон қонун ё худ дигар ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ набояд ба меъёр ва қоидаҳои Сарқонун зид бошанд». Ин дар навбати худ маънои онро дорад, ки ба Қонуни Асосӣ қатъиян амал кардан вазифаи муқаддаси ҳар кадоми мост.
Бо мақсади дар мамлакат таъмин кардани вобастагӣ ва давомияти ислоҳот тамоюли «Аз Стратегияи амалиёт – ба Стратегияи тараққиёт» ҳамчун ғоя ва мизони асосӣ ба тартиби рӯз гузошта шуд. Дар стратегияи мазкур ҳуқуқ ва озодӣ, манфиатҳои қонунии ҳар як шаҳрванде, ки дар кишвар зисту зиндагӣ мекунад, ба сифати суннати олӣ муайян гардид, ин тамоюлҳо ба тамоми моддаҳои Сарқонуни мо куллан мувофиқ мебошанд.

Мавлуда ИБРАГИМОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: