НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ НАВОӢ ДАР ХИТОЙ

Солҳои охир дар кишвари мо ба амиқсозии масъалаҳои ҳамкории саноатӣ, ҷалб намудани инноватсияи хориҷӣ, ки ҷонибҳоро ҷанбаи истиқболнок ва манфиатовар мебошад, эътибори махсус дода мешавад.

Ҳафтаи гузашта ҳайати вилояти Навоӣ бо сарварии ҳокими вилоят Нурмат Турсунов ба Хитой ташриф овард. Онҳо ба шаҳри Чунсини ноҳияи Шапин ташриф оварда, бо роҳбарияти ноҳия мулоқот намуданд. Ҳангоми ташриф бо имконоти Маркази назорати импорти маҳсулоти гуштӣ ва автомобилии «Чонкинг раилвай порт» ва маркази логистикаи «Чонкинг интернатионал логистисс ҳуб парк» шинос шуданд. Миёни «Чонкинг интернатионал логистисс ҳуб парк» ва Минтақаи озоди иқтисодии Навоӣ таъсис додани «Логистик ҳаб» шартнома имзо гардид. Тибқи маълумотҳо, ширкати мазкур бо 300 маркази логистикаи 100 давлати ҷаҳон ҳамкорӣ дорад. Гардиши савдои солонаи он беш аз 20 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Чунсин 35 миллион нафар аҳолӣ буду бош дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот баробари 400 миллиард доллар мебошад. 
Ҳангоми ташриф аъзои намояндагӣ дар форуми иқтисодӣ ва сармоядорӣ, ки сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Хитой ва палатаи савдо ва саноати Пекин баргузор намудаанд, иштирок намуданд. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: