Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Маскав бо даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 9 май дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат кард.
Дар Майдони сурх паради Ғалаба барпо гардид. Дар он ҳамчунин Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, Президенти Гвинеяи-Бисау Умару Сисоку Эмбало, Президенти Лаос Тхонглун Сисулит ва Президенти Куба Мигел Диас-Канел иштирок доштанд.
Маълумот ва фактҳои сершумори таърихӣ саҳми калони халқи Ӯзбекистонро ба Ғалабаи бузург тасдиқ мекунанд.
Ҳамватанони мо аз рӯзҳои аввали ҷанги мудҳиш ба муборизаи зидди фашизм мардонавор дохил шуданд. Дар он вақт аҳолии ҷумҳурӣ 6,5 миллион нафар буд, ки аз онхо кариб 2 миллион нафараш ба фронт фиристода шуда буд. Дар мубориза барои ҳаёти осоишта ва озод бештар аз 538 ҳазор нафар писарону духтарони диловари халқи мо ҳалок гардида, зиёда аз 158 ҳазор нафарашон бедарак шудаанд.
Зиёда аз 214 ҳазор нафар сарбозу офсарони ӯзбекистонӣ бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд. Аз ҷумла, 301 нафар ҳамватанони мо соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, 70 нафар бо ҳар се дараҷа ордени «Шараф» сарфароз гардиданд.
Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон аз байни офсарони ӯзбекистонӣ генералҳо ва командирони зиёди боистеъдод ба камол расиданд. Дар солҳои ҷанг Ӯзбекистон ақибгоҳи пуриқтидор гардид. Аз мамлакати мо ба фронт ба миқдори зиёд яроқу аслиҳа, озуқаворӣ, дорувор, сару либос, хайма, парашют ва дигар молҳои зарурӣ интиқол дода шуд. Зиёда аз 170 заводу фабрика аз минтақаҳои ҷанг ба Ӯзбекистон оварда, зуд ба кор андохта шуданд. Сокинони Ӯзбекистон дар солҳои 1941-1943 ихтиёран ба фонди мудофиа зиёда аз 475 миллион сӯм, инчунин 22 миллион сӯм дар намуди ашёи гаронбаҳои шахсӣ гузаронданд, ки ин ба наздик шудани Ғалаба саҳми муҳим гардид.
Дар он солҳои душвор мардуми мо намунаи беназири башарпарвариву инсондӯстӣ нишон дода, ба беш аз 1 миллиону 500 ҳазор нафари аз сарзаминҳои ҷангзада ба Ӯзбекистон эвакуатсияшуда, аз ҷумла беш аз 250 ҳазор нафар кӯдакони ятим сарпаноҳ дод. Халқи ӯзбек онҳоро бо гармии дили худ гарм карда, нонҳои охиринашро ба ҳам дид.
Ин далелҳои таърихӣ, ки дар бораи мардонагӣ ва саховатмандии бемисли халқи мо шаҳодат медиҳанд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ эътироф шудааст.
Дар Ӯзбекистон ба абадӣ гардондани қаҳрамониҳои гузаштагонамон, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷангида, дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат кардаанд, эътибори хоса дода мешавад. Иштирокчиён ва ногироҳои ҷанг ҳар сол ҳавасманд карда мешаванд. Чанд сол пеш дар Тошканд маҷмааи боҳашамати Ғалаба бунёд шуда буд, ки аз он аллакай беш аз 2 миллиону 200 ҳазор нафар дидан кардаанд.
Пас аз анҷоми Паради Ғалаба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳи Президенти Русия Владимир Путин ва дигар сарони давлатҳо ба оромгоҳи сарбози номаълум дар боғи Александр гул гузоштанд.
Ёдгорӣ рамзи қаҳрамонӣ ва корнамоии аҷдодони мо – миллионҳо сарбозони миллатҳои гуногун, аз ҷумла фарзандони Ӯзбекистон, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон барои Ватани худ мардонавор ҷангидаанд ва қурбон шудаанд, мебошад.
Президентҳо хотираи сарбозони ҳалокшударо бо як дақиқа сукут пос доштанд. Маросим бо марши ботантанаи ротаи қаровули фахрӣ ва оркестр ба охир расид.
Бо ҳамин сафари корӣ ба Русия анҷом ёфт. Дар фурудгоҳ Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро иҷрокунандаи вазифаи муовини Раиси Ҳукумат – вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд. Сарвари давлатамон ба Тошканд рафт.